Сироҷиддин Раҷабзода ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъин шуд

Имрӯз, 4 ноябр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Раҷабзода ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин гардид.

Ӯ дар ин вазифа  Комилбек Амид Ёрбекро иваз кард. Ӯ аз моҳи июли соли 2022 то имрӯз роҳбарии ин муассисаи таҳсилоти олиро ба уҳда дошт ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъин гардид.

Сироҷиддин Раҷабзода кист?

Сироҷиддин Раҷабзода соли 1980 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Ӯ соли 2003 факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро аз вазифаи лаборанти калон оғоз намудааст.

Мавсуф дар вазифаҳои гуногуни илмию омӯзгорӣ ва роҳбарикунанда фаъолият кардааст. Аз ҷумла, солҳои 2017 – 2021 мудири кафедраи химияи органикӣ ва солҳои 2021 – 2025 директори Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Аз моҳи январи соли 2025 то таъин шудан ба вазифаи нав муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд.

Сироҷиддин Раҷабзода доктори илмҳои химия, профессор буда, муаллифи беш аз 450 мақолаи илмӣ, 11 монография ва 4 китоби дарсӣ мебошад. Ҳамчунин, дар соҳаи химия беш аз 250 пайвастагии нави химиявиро синтез ва таҳқиқ кардааст.

Ӯ барои саҳмаш дар рушди илму маориф бо як қатор ҷоизаҳо, аз ҷумла Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (2014), Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ (2022) ва медали «Хизмати шоиста» (2024) сарфароз гардидааст.

Моҳи апрели соли 2026 Сироҷиддин Раҷабзода ба ҷоизаи «Олими соли Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сазовор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *