Иштироки Амонатбонк дар Форуми байналмилалии бонкӣ – 2026

30 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Бахши молиявӣ дар давраи инноватсияҳои рақамӣ» Форуми байналмилалии бонкӣ – 2026 баргузор гардид.

Дар Форум намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, шарикони рушд ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Масъулини КВД БА ҶТ «Амонатбонк» низ дар  форуми мазкур иштирок намуда, ба ҳозирин ва иштирокчиён оид ба фаъолияти бонк, имкониятҳо ва хизматрасониҳои муосири молиявии он маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, дар доираи форум мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси Амонатбонк Ризвонзода Фирдавс бо намояндагони бонкҳои хориҷӣ баргузор гардид. Зимни вохӯриҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, табодули таҷриба, технологияҳои муосири молиявӣ ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни форум масъалаҳои рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, финтех, тиҷорати электронӣ, низомҳои пардохти фаврӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва таҳкими ҳамкориҳои фаромарзии молиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки итштироки Амонатбонк дар чунин чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳои бонк, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти рушди хизматрасониҳои муосири молиявӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *