61 соли умр ва даҳсолаҳо дар саҳнаи ҳунар (видео)

Имрӯз, 2 октябр Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исроил Файзиддинов 61-сола шуд.

Ӯ соли 1965 дар деҳаи Навгилеми Исфара ба дунё омада, аз овони ҷавонӣ роҳи худро бо мусиқӣ пайваст кардааст.

Исроил Файзиддинов на танҳо овозхон, балки оҳангсоз, рубобнавоз, омӯзгор ва яке аз намояндагони мактаби суннатии мусиқии Исфара ба шумор меравад.

Солҳои 1987 – 1992 дар сохтори радио ва телевизиони Тоҷикистон бо ансамбли «Шашмақом» фаъолият карда, аз соли 1992 сароянда ва роҳбари бадеии ансамбли «Шашмақом»-и шаҳри Исфара шудааст. Имрӯз низ роҳбарии ин ансамблро бар уҳда дорад.

Ӯ дар симпозиумҳои байналмилалии «Шашмақом» дар Самарқанд ва Исфара иштирок карда, дар ҳифзу тарғиби суннатҳои мақомхонии Исфара саҳм гузоштааст.

Исроил Файзиддинов муаллифи тақрибан 60 суруд аст ва беш аз 30 таронаи ӯ дар фонди тиллоии Радиои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад.

Соли 2016 ба Исроил Файзиддинов унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *