Иҷрои 76 дарсади нақшаи даъват дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст. Дар рӯзи аввал нақша 76 дарсад иҷро гардидааст. Имрӯз, 2 октябр дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон чорабинии тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.


Дар ҷамъомад намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, падару модарон, ҷавонон ва фаъолони ҷомеа иштирок карданд.

Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршударо ба муносибати оғози марҳилаи нави ҳаёташон табрик намуда, таъкид кард, ки ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ мебошад.

“Хизмати ҳарбӣ барои ҷавон мактаби муҳими обутоби ҷисмонӣ ва маънавӣ буда, дар ташаккули интизом, масъулиятшиносӣ, ҷасорат ва садоқат ба давлату миллат нақши муҳим мегузорад. Маъракаи имсолаи даъват дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Истиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арзишҳое мебошанд, ки ҳифзи онҳо аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд талаб менамояд”, – афзуд вай.


Феълан нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиши миллӣ дар вилояти Хатлон 76 дарсад иҷро шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Данғара, Хуросон, Вахш Ховалинг, Фархор ва Дӯстӣ нақша пурра иҷро шудааст.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *