Истиқлол – деҳаи нав барои сокинони аз сел зарардидаи Рӯшон

Ба 10 оилаи деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон, ки манзилҳояшон бар асари сели моҳи июли соли равон пурра хароб шуда буданд, хонаҳои нав тақдим гардиданд.

Калиди манзилҳои навро рӯзи 30-юми сентябр Шарифхон Сафарзода, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба соҳибонашон супорид.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи сел 10 хона пурра хароб, 13 манзил қисман вайрон ва 13 хонаи дигар осеби сабук дида буданд.

Ба иттилои мақомоти вилоят, барои оилаҳое, ки манзилҳояшон қисман хароб шудаанд, қитъаи замин ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо гардидааст. Хонаҳое, ки осеби сабук дида буданд, аз лойу санг ва дигар паёмадҳои сел пурра тоза карда шудаанд.

Дар мавзее, ки барои 10 оилаи зарардида манзилҳои нав бунёд гардиданд, деҳаи наве бо номи «Истиқлол» таъсис ёфтааст.

Қарор аст дар ин деҳаи нав мактаб, кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ низ бунёд карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *