Навовар ва эҷодкор. Чӣ тавр Наргис Рустамова таълимро ба ҷаҳони нав пайванд медиҳад?
Омӯзгорӣ танҳо касб нест, балки рисолатест, ки сабру масъулият, меҳру муҳаббат ва эҷодкориро талаб мекунад. Хушбахтона, дар Тоҷикистон омӯзгороне ҳастанд, ки бо навоварӣ, ҷустуҷӯи пайвастаи роҳу усулҳои муассири таълим ва истифодаи имкониятҳои муосир дар рушди маориф саҳм мегузоранд. Наргис Рустамова аз ҷумлаи чунин омӯзгорон аст. Ӯ зиёда аз 30 сол мешавад, ки дар соҳаи маориф фаъолият дошта, дар баробари омӯзгорӣ пайваста роҳҳои нави таълиму тарбияро меомӯзад. Бахшида ба Рӯзи омӯзгор тасмим гирифтем аз зиндагӣ, фаъолияти касбӣ ва таҷрибаи яке аз омӯзгорони муваффақи кишвар ба хонандагони нашрия нақл кунем.
Аз орзуи падар то интихоби касби пуршараф
Наргис Рустамова дар оилаи зиёии шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш соҳибкор ва модараш омӯзгори забон ва адабиёти рус буд. Маҳз муҳити маърифатпарваронаи хонаводагӣ ба интихоби роҳи ояндаи ӯ таъсир гузоштааст.
– Падарам бисёр мехостанд, ки ман омӯзгор шавам. Ҳарчанд худашон соҳибкор буданд, пайваста таъкид мекарданд, ки ин касби пуршарафро интихоб намоям. Модарам омӯзгори забон ва адабиёти рус буданд. Аз ин рӯ, омӯзгорӣ бароям аз кӯдакӣ касби ошно ва ба дил наздик буд,- мегӯяд ӯ.
Имрӯз Наргис Рустамова модари чор писар аст. Ду фарзандаш касби табибиро интихоб кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, оила ва фарзандон муҳимтарин такягоҳ ва арзиши зиндагияш мебошанд.
Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва фаъолияти меҳнатиашро ҳанӯз замони донишҷӯӣ оғоз кардааст.
– Аз курси дуюм ба омӯзгорӣ оғоз кардам. Дар баробари таҳсил, дар басти дуюм ба хонандагон забон ва адабиёти тоҷик дарс медодам. Баъдтар, вақте фарзандонам хурд буданд, дар кӯдакистон кор кардам, то бештар дар паҳлуяшон бошам. Вақте онҳо ба мактаб рафтанд, ман ҳам ба мактаб баргаштам. Солҳо гузаштанд ва дарк кардам, ки худро маҳз миёни кӯдакон роҳат ва хушбахт эҳсос мекунам. Орзуи падарам тадриҷан ба интихоби самимии худи ман табдил ёфт,- мегӯяд ӯ.
Ҳоло Наргис Рустамова дар МТМУ №8-и ба номи Бозор Собири шаҳри Душанбе ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳад.
Фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи фаъолияти Наргис Рустамова пайванди таҷрибаи анъанавии омӯзгорӣ бо технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ӯ мекӯшад раванди таълим барои хонанда на танҳо омӯзанда, балки ҷолибу хотирмон бошад.
Қариб ду сол аст, ки саҳифаи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст. Дар аввал наворҳои кӯтоҳу ҳаҷвӣ аз зиндагии мактабӣ омода мекард. Баъдтар яке аз лаҳзаҳои одии дарсашро нашр намуд ва навор таваҷҷуҳи зиёд пайдо кард.
– Одамон менавиштанд, ки тарзи фаҳмонидани мавод сода ва дастрас аст. Он вақт фаҳмидам, ки таҷрибаи чандинсолаам метавонад на танҳо ба хонандагони синф, балки ба омӯзгорону волидон низ муфид бошад. Барои ман шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ҷойи фароғат нестанд. Онҳо имкон медиҳанд таҷрибаи омӯзгорӣ, усулҳои содаи таълим ва зиндагии воқеии мактабро ба дигарон нишон диҳам,- мегӯяд ӯ.
Ғоя ва сюжети аксари наворҳоро худаш омода мекунад. Наворбардорӣ ва танзими онҳоро низ мустақилона анҷом медиҳад. Баъзан хонандагон ҳам ба ӯ ёрӣ мерасонанд.
– Ҳама корро худам анҷом медиҳам: ғоя меёбам, навор мегирам ва танзим мекунам. Дар оғоз касе инро ба ман наомӯхта буд. Бо роҳи санҷишу хато ёд гирифтам. Ҳатто ба хонандагони синфи якум мефаҳмонам, ки телефонро чӣ гуна нигоҳ доранд ва кадрро чӣ тавр гиранд,- мегӯяд омӯзгор.
Наворҳои ӯро имрӯз ҳазорҳо нафар тамошо мекунанд ва баъзеашон миллионҳо бинанда пайдо кардаанд. Ба андешаи Рустамова, ин имконият медиҳад, ки таҷрибаи омӯзгор аз доираи як синф берун равад.

Омӯзгори имрӯз бояд ҳамеша омӯзад
Наргис Рустамова ба ҷавононе, ки мехоҳанд касби омӯзгориро интихоб кунанд, маслиҳат медиҳад, пеш аз ҳама аз худ бипурсанд: «Оё ман кӯдакро дӯст медорам? Оё метавонам як чизро на як бор, балки даҳ бор бо роҳҳои гуногун фаҳмонам?».
Ба андешаи ӯ, омӯзгорӣ танҳо дар назди тахта истодан нест. Омӯзгори имрӯз бояд донандаи хуби фан, педагог, равоншинос, эҷодкор ва ҳамзамон аз технологияҳои муосир огоҳ бошад. Бо вуҷуди ин, дар миёни тамоми тағйироти замон як чиз набояд дигар шавад – муносибати инсонӣ бо кӯдак.

– Технологияҳо, китобҳо ва наслҳо дигар мешаванд, вале кӯдак ҳамеша мехоҳад, ки ӯро бинанд, бишнаванд ва ба ӯ бовар кунанд,- таъкид мекунад ӯ.
Дар дарс Наргис Рустамова аз бозиҳои таълимӣ, машқҳои нейрогимнастикӣ, гимнастикаи ангуштон, хониш аз рӯйи нақшҳо, супоришҳои графикӣ ва усулҳои аёниву ҳаракатӣ истифода мебарад. Аммо усулҳоро қатъиян ба «кӯҳна» ва «нав» ҷудо намекунад.
– Барои ман муҳим он аст, ки усул ба кӯдак барои фаҳмидани мавзӯъ кумак кунад. Агар кӯдак нафаҳмид, ин маънои онро надорад, ки ӯ қобилият надорад. Шояд ман, ҳамчун омӯзгор, бояд роҳи дигари фаҳмониданро пайдо кунам,- мегӯяд ӯ.
Дар муносибат бо хонандагони камфаъол низ пеш аз ҳама сабаби мушкилро меҷӯяд. Ба андешаи ӯ, кӯдак метавонад мавзуро нафаҳмида бошад, аз хато кардан тарсад ё ба қувваи худ эътимод надошта бошад. Аз ин рӯ, як муваффақияти хурд метавонад ба ӯ боварӣ бахшад.
Нақши волидонро низ муҳим мешуморад. Ба гуфтаи ӯ, натиҷаи хуб замоне ба даст меояд, ки омӯзгор, хонанда ва волидайн як даста бошанд. Аммо кумак ба фарзанд набояд ба маънои иҷро кардани тамоми вазифаҳои ӯ бошад. Кӯдак бояд аз хурдӣ мустақил шуданро омӯзад.
Ҳадафи ниҳоии таълиму тарбия барои Наргис Рустамова танҳо донишманду соҳибкасб шудани шогирд нест. Ӯ мехоҳад шогирдонаш пеш аз ҳама инсони хуб, боодоб, масъулиятшинос, мустақил ва меҳрубон ба камол расанд.
Дар тӯли фаъолияти касбӣ Наргис Рустамова бо сипосномаву ифтихорнома ва ҷоизаҳои гуногун қадрдонӣ шудааст. Ӯ дар Анҷумани омӯзгорони кишварҳои ИДМ дар Маскав иштирок карда, ҳамчун узви ҳакамони Озмуни байналмилалии «Мактаб бидуни марз» низ фаъолият доштааст. Ҳамчунин Тоҷикистонро дар чорабинии байналмилалӣ дар Санкт-Петербург намояндагӣ ва дар конференсия суханронӣ кардааст. Аммо худи омӯзгор муваффақияти асосиашро на дар ҷоизаҳо, балки дар комёбии шогирдон мебинад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ