Ҷиноятҳои сайберӣ ва терроризм дар меҳвари ҷаласаи вазирони корҳои дохилии ИДМ (аксҳо)
1 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар меҳвари он мубориза бо ҷиноятҳои сайберӣ, терроризму экстремизм, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар содир намудани ҷиноятҳо ва табодули электронии иттилоот қарор дошт.
Дар ҷаласа вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Арманистон ва Туркманистонро муовинони вазирони корҳои дохилӣ намояндагӣ намуда, ҳамчунин роҳбарони як қатор сохторҳои соҳавии ИДМ ҳузур доштанд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ тақвияти ҳамкории мақомоти корҳои дохилии кишварҳои ИДМ дар муқовимат бо шаклҳои муосири ҷинояткорӣ буд. Аз ҷумла, роҳҳои пешгирии ҷалби ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва ифротӣ тавассути интернет, муқовимат бо мағзшӯӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои табодули фаврии иттилоот, истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар ошкору пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва тақвияти ҳамоҳангии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро баррасӣ карданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ҷаласа 14 масъала баррасӣ шуда, аз рӯйи натиҷаҳои он санадҳои марбут ба ҳамкории минбаъдаи кишварҳои узви ИДМ ба имзо расидаанд.


Ёдовар мешавем, ки ҳамзамон, имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар ин мулоқот ӯ ба рушди босуръати ҷиноятҳои сайберӣ ва истифодаи технологияҳои нави иртиботӣ ва зеҳни сунъӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткор таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Ба гуфтаи ҷониби Тоҷикистон, истифодаи чунин технологияҳо, аз ҷумла барои паҳн намудани идеологияи радикалӣ, нигаронкунанда буда, тақвияти мубодилаи иттилоот ва вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои фаромиллӣ зарур аст.
Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ соли 1996 бо ҳадафи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ таъсис ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ