100 фоиз иҷрои нақшаи даъват дар Тоҷикобод
Ноҳияи Тоҷикобод низ аз иҷрои 100 – фоизаи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали маърака хабар дод.
Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, чандин сол аст, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикобод дар рӯзи аввал пурра иҷро мешавад.
«Ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод бо дарки баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, чун анъана, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд», – иттилоъ доданд масъулини ноҳия ба Pressa.tj.
Ба иттилои мақомоти ноҳия, солҳои охир шумораи ҷавононе, ки ихтиёран барои адои хизмати ҳарбӣ изҳори омодагӣ мекунанд, афзоиш ёфтааст. Ин омил имкон медиҳад, ки нақшаи даъват дар муҳлати кӯтоҳ ва, аз ҷумла, дар рӯзи аввали маърака иҷро гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ