Ду шаҳри Суғд нақшаи даъватро дар як рӯз ба анҷом расонданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон дар рӯзи аввали маърака 100 фоиз иҷро гардид.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҷавонони даъватшаванда бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ омодагии худро барои адои қарзи шаҳрвандӣ ва ҳифзи Ватан нишон доданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон ба падару модарон ва ҷавонон барои масъулиятшиносӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ изҳори сипос намуда, ба сарбозони навдаъват хизмати содиқона ва бобарор орзу карданд.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ бар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, таҳти №1221 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1999–2008, ба хизмати ҳарбӣ» баргузор мешавад.
Дар асоси ин фармон ва қарори дахлдори раиси вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ташкилию сафарбарӣ барои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ