Хатлон: Панҷ шаҳру ноҳия нақшаи даъватро иҷро карданд

Панҷ шаҳру ноҳия дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Артиши миллиро дар рӯзи аввал пурра иҷро карданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Данғара, Вахш ва Темурмалик нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар рӯзи аввал 100 дарсад иҷро шудааст.

Дар назар аст, ки фардо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргузор шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *