Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Амонатбонк (аксҳо)

24 – уми ноябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми раиси раёсати Бонк Худоёрзода Х.Б., муовини раиси раёсати Бонк Сафарзода Р.С., раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, ходими намоёни давлатӣ Рафиқа Мусоева ва аҳли кормандони бонк иштирок доштанд.

Нахуст муовини якуми раиси раёсати бонк Худоёрзода Х.Б. ҳозиринро бо яке аз санаҳои воқеъан таърихӣ барои халқи тоҷик, Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Дар идома раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ва ходими намоёни давлатӣ Рафиқа Мусоева баромад намуда, иброз доштанд, ки қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону қувваи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин Парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.

Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар як шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор мекунад.

Аъзои Шӯрои ҷавонони бонк низ бахшида ба гиромидошти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои ҷолиб баён намуда, шеърҳои пурмазмун дар васфи ин рамзи муқаддаси миллӣ қироат карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *