Шери болдор – намоди шашҳазорсолаи кишвардории тоҷикон

Намодҳои давлатӣ сирфан унсурҳои ороишӣ нестанд, балки сурати мутарокими ҳофизаи таърихӣ ва забоне ҳастанд, ки давлат бо он бо ҷомеа ва ҷаҳони берун сухан мегӯяд.

Намодҳои давлатӣ бозгӯяндаи худсолорӣ ва фармонравоии кишваранд… Онҳо шаҳрвандонро ба ҳам пайванд медиҳанд ва пайвастагии таърихии кишвардориро боз метобонанд. Дар шароити ҷаҳонӣ шудан, ҷараёнҳои иттилоъотӣ ва талотуми гетосиёсӣ, маънои парчам, нишони миллӣ ва суруди миллиро наметавон танҳо ба нигаҳдошти нишонаҳои расмии мутамоизкунанда фурӯ кост. Ин намодҳо ба унсури муҳим дар пойдории дарунии давлат ва баёнгари рамзгони ваҳдати таърихан шаклгирифтае бадал мешаванд, ки гузашта, имрӯз ва ояндаи кишварро дар низоми якпорча аз маъноҳо ба ҳам мепайвандад ва ба ҷомеъа ёдоварӣ мекунад, ки давлат натанҳо ҳамчун як ниҳод, балки ҳамчун фазои муштараки худшиносӣ, масъулият ва пайвастагии таърихӣ вуҷуд дорад.

Чунин намоде барои тоҷикон аз куҳантарин замонҳо шер умуман ва шери болдор хусусан будааст, ки дар зер ба таъриху намодшиносии он дар тамаддунҳои ниёгони худ аз боварҳои миёнрӯдонӣ то ойинҳои зардуштиву будоӣ ва ислом мепардозем.

Намодшиносии шери болдор

Намодпардозии шер дар боварҳои миёнрӯдонӣ, ойинҳои зардуштӣ, буддоӣ ва исломӣ ба ростӣ аз гуногунии чашмгире бархӯрдор аст. Дар бархе аз ин тамаддунҳо шер намоёнгари қудрати олии давлат буд, дар бархе дигар нерӯи маънавӣ ва нигаҳбонӣ, ва тасвири он бештар пайванддиҳандаи амри илоҳӣ ва амри шоҳӣ ба шумор мерафт.

Шер дар боварҳои бостонии Миёнрӯдон пайванди танготанге бо ниҳоди қудрати шоҳӣ дошт. Дар боварҳои шумерӣ – куҳантарин тамаддуни башар, шер шоҳи ҷонварон шинохта мешуд. Аз ин рӯ, шикори шер имтиёзи инҳисорӣ барои шоҳ буд ва ҳамин амр ҷойгоҳи ягона ва нерӯи ӯро барҷаста мекард. Шикори ойинӣ ҳамчун як «драмаи ойинӣ» андарёфта мешуд: шоҳ бо шикор кардани шер ба қаҳрамони илоҳӣ Нинурта (Ninurta) монанд мешуд ва ҳаққи худро бар фармонравоӣ таъйид мекард. Шерҳо намоди нерӯҳои ваҳшӣ ва ромнашуда буданд, ки шоҳ метавонист онҳоро ром кунад ва ба суди ҷомеа ҷиҳат диҳад. Куҳантарин гувоҳӣ бар ин намодпардозӣ ба 4000 сол пеш аз милод бозмегардад.

Ҳангоме, ки эрониён, нахуст модҳо ва сипас порсҳо бар мардумони бумии Миёнрӯдон чира шуданд, бисёре аз унсурҳои фарҳангӣ ва тамаддуниро аз онҳо ёд гирифтанд. Яке аз унсурҳои фарҳангии вомгирифта аз бумиёни Миёнрӯдон намодпардозии шер буд, ки дар ҷаҳони эронӣ аз оғози шоҳаншоҳони Ҳахоманишиён то поёни подшоҳии кушониёну суғдиён ҳамчун намоди шукӯҳ ва диловарии шоҳӣ дар дарозои ҳазорсолаҳо тадовум ёфт.

Чунончи, дар ҳунару фарҳанги Ҳахоманишиён (550–330 пеш аз милод) саҳнаҳои набарди шоҳ бо шер бар нақшбарҷастаҳо, сарсутунҳои шерсор дар Тахти Ҷамшед, тахтҳои шерсор бахше аз ҳунари расмӣ буд ва идеяҳои сиёсӣ ва динии қудратро бозгӯ мекард. Ҳамин тародод дар замони Ашкониён (247 пеш аз милод – 224 милодӣ)ва Сосониён (224 – 651 милодӣ) низ идома ёфт. Шер дар ҳунару фарҳанги ин даврон намоди нерӯ ва диловарӣ буд ва чун нигорае дар тоҷи шоҳон низ ба кор мерафт. Саҳнаҳои «набарди шоҳ бо шер» ҳамчунон абзоре барои намоиши машруъияти шоҳаншоҳи сосонӣ ва дарёфти «фарри эзадӣ» ва «фарри каёнӣ» боз монд, ки дар «Шоҳнома» низ дар достони Баҳроми Гӯр бозтоб ёфтааст.

Дар боварҳои суғдиён шер яке аз намодҳои эзадбонуи авестоии Ардвисура Аноҳита буд, ки суғдиён ӯро Нанай мехонданд. Ин намодпардозӣ аз як сӯ реша дар парастиши илоҳаи Иштар / Нанайя дар Миёнрӯдон дошт ва аз дигар сӯ ба ойини эзадбону Ардвисура Аноҳита мерасид. Нанай дар Суғд ҳамчун эзадбонуи бузург парастида мешуд ва вижагии мушаххас ва мураккаби ӯ шер буд. Нанайро чаҳордаст, нишаста бар шер, бо намодҳои хуршеду моҳ тасвир мекарданд, ки дар деворнигораҳои Панҷеканд боз мондааст.

Дар ҳунари ҷонварнигории сакоён шери болдор намоди ҳамагонии нигаҳбонӣ ва посдорӣ аз сарзамини муқаддас аст.  

Бо густариши ойини будоӣ дар сарзамини Кушоншаҳр намодпардозии шер ҷанбае маънавӣ ёфт. Дар ҳунари будоии Гандора (садаҳои 1 – 4 милодӣ) шер намоёнгари подшоҳӣ, нерӯ ва қудрат буд, аммо пеш аз ҳама намоди худи Буддо ба шумор мерафт. Ин амр бо номи дудмонии Буддо Шакямунӣ — Шакясимҳа («шери хонадони Шакя») пайванд дорад. Омӯзаи Буддоро ҳамчунин «ғурриши шер» мехонанд, ки бар нерӯ ва тавоноии он дар бедор кардани инсон аз нодонӣ таъкид мекунад. Тасвирҳои шер ҳамчун нигаҳбон дар даромадгоҳҳои сохтмонҳои буддоӣ корбурд доштанд ва метавонистанд тахти Буддоро нигоҳ доранд.

Бад-ин сон, шер дар намодпардозии ниёгони мо ҳазорон сол лояҳои фарҳангиро аз идеяи миёнрӯдонии қудрати шоҳӣ то намоди фарри эзадӣ ва фарри каёнӣ дар боварҳои зардуштӣ ва нерӯи маънавӣ дар ойинҳои будоӣ дар худ ҷазб кардааст.

Аз ин ҷост, ки шери болдор дар ҳунару тамаддуни Эрони бостон намоде аз шукӯҳ, иқтидор, қудрати шоҳона, шуҷоъат ва ҳимояти эзадӣ аст. Дар зер мафҳумҳои аслии ин намодро баррасӣ мекунем.

Нерӯву тавоноӣ ва фармонравоӣ: Шер ҳамчун «шоҳи ҷонварон» намоди нерӯи ҷисмонӣ ва диловариву мардонагии заминӣ аст ва афзудани бол бар он нишондиҳандаи нерӯву тавоноие фаротар аз ҷаҳони моддӣ, тундиву шитоб ва чирагӣ бар осмону замин аст.

Нигаҳбонӣ ва посдорӣ: Шерҳои болдор бештар бар дару дарвозаҳо, кохҳо ва ба сони тандисҳо ҳамчун нигаҳбонони подшоҳӣ барои дур кардани нерӯҳои бад ва посдорӣ аз маконҳои муқаддас ба кор мерафтанд.

Пуштибонии эзадӣ: Шерҳои болдор дар нақшбарҷастаҳои ҳахоманишӣ ва сосонӣ бозтобе аз фарри эзадӣ ва қудрати подшоҳро таъйид кардани эзадон дар шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ буданд.

Намоди шер бо ҳамин мафҳумҳо дар замони Сомониён чун намоди подшоҳӣ, шукӯҳи кишвардорӣ ва паҳлавониву ҷанговарӣ дар намодшиносии исломӣ ҷойгоҳе барҷаста ёфта ва дар ҳунару фарҳанги дигар дудмонҳои арабӣ, туркӣ ва муғулие ба кор рафт, ки бар сарзамини тоҷикон ҳукумат кардаанд. Таърихномаҳо аз дирафшҳои шерпайкари дудмонҳои ҷойнишини Сомониён – Ғазнавиён ва Қарохониён, ёд кардаанд, ки баргирифта аз намодпардозии тоҷикӣ буданд. Корбурди шер ҳамчун намоди кишвардорӣ дар замони Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, чингизиён ва Темуриён низ идома ёфт.    

Бо чунин пешинаву намодпардозиву маъношиносиву мафҳумшиносӣ буд, ки шери болдор нахустин Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва сипас дар Дирафши Раисҷумҳури Тоҷикистон низ чун намоди қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи кишвар ба кор гирифта шуд. Акнун мебояд ин намоди шашҳазорсолаи кишвардорӣ ба Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз гардад то таъриху тамаддуни шашҳазорсолаи тоҷиконро бозтоб диҳад.

Умеди Ҷайҳонӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *