Намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар ЮНЕСКО
Дар толори «Зал де Актс»-и қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса, 23-юми ноябри соли ҷорӣ маросими кушодашавии намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин намоишгоҳ то 27-уми ноябр идома хоҳад ёфт.
Манбаъ мегӯяд, намоишгоҳ ба муаррифии мероси гаронбаҳои илмӣ, адабӣ ва фалсафии ин ду мутафаккири бузург, инъикоси саҳми онҳо дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ва муаррифии мероси таърихию маънавии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бахшида шудааст.
Дар ин ҳамоиш Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва хонум Регнер Аса, муовини якуми мудири кулли ЮНЕСКО низ ширкат доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ