Дар Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз шуд
Мақомоти вилояти Хатлон аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ хабар доданд.
Ба иттилои мақомоти маҳалии ин вилоят, рӯзи 21-уми ноябр дар километри 42-юми роҳи автомобилгарди Бохтар–Душанбе беш аз 1100 дарахт, ба шумули дарахтони сӯзанбарг, бодом ва писта шинонидаанд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулон ширкат намуда, ба масъалаи нигоҳубини ниҳолҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.
“Таъкид гардид, ки барои сабзиши хуб ва ҳифзи дарахтон масъулини соҳа бояд обёрии мунтазам, нарм намудани бехи ниҳолҳо, гузаронидани корҳои агротехникӣ ва назорати доимии ҳолати онҳоро таъмин намоянд. Самараи корҳои кабудизоркунӣ пеш аз ҳама аз нигоҳубини дуруст ва муносибати масъулона ба ҳар як ниҳоли шинонидашуда вобаста аст”,-афзуд манбаъ.
Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш пулиси вилояти Хатлон аз буридани садҳо дарахти сояафкану мевадиҳанда иттилоъ дода буд.
Тибқи маълумоти Раёсати ВКД дар Хатлон, 620 дарахте, ки сокинон дар навоҳии мухталиф буридаанд, 456 тояш дарахти навъҳои сояафкан ва 164 тои дигар мевадиҳанда будааст, ки вобаста ба чунин амал нисбати сокинон 18 парвандаи ҷиноятӣ ва 228 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ