Аҳолии Тоҷикистон ба 10,8 миллион нафар расидааст

То якуми октябри соли 2026 шумораи аҳолии Тоҷикистон, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 10 миллиону 867 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, минтақаи сераҳолитарини Тоҷикистон вилояти Хатлон буда, 3,9 миллион нафар аҳолӣ дорад.

Шумораи аҳолӣ дар вилояти Хатлон 3 миллиону 938,5 ҳазор нафар, вилояти Суғд 3 миллиону 47,6 ҳазор,  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 миллиону 336,9 ҳазор, шаҳри Душанбе 1 миллиону 307 ҳазор ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 237 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.   

Манбаъ мегӯяд, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 175,8 ҳазор кӯдаки навзод ва 26,2 ҳазор ҳолати фавт сабт гардидааст.

“Таҳлили нишондиҳандаҳо нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи таваллудҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 2,5 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин раванд, ба истиснои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар тамоми минтақаҳои кишвар ба мушоҳида мерасад. Баръакси тамоюли коҳиши таваллуд, шумораи фавтҳо дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бақайдгирии фавт 3,3 фоиз зиёд гардида, ба 26,2 ҳазор нафар расидааст”,-шарҳ додааст Агентии омор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *