Аз таксиронҳо пул талаб мекардааст. Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Қазони Русия бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Вахитовскии шаҳри Қазони Русия Шамсулло Мудинов, шаҳрванди 50-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Ӯ ба он гумонбар мешавад, ки аз ронандагони таксиҳои ғайриқонунӣ дар фурудгоҳи Қазон пул талаб мекардааст.
Ба навиштаи нашрияи «Вечерняя Казань», Мудинов барои иҷозаи оғози мусофиркашонӣ дар ҳудуди фурудгоҳ аз ронандагон то 100 ҳазор рубл ва баъдан ҳар моҳ аз 5 то 10 ҳазор рубл талаб мекардааст.
Манбаъ бо истинод ба тафтишот гуфтааст, ӯ ба ронандагоне, ки аз пардохти маблағ саркашӣ мекардаанд, таҳдид мекардааст. Назари ҷониби боздоштшуда ба чунин иддао маълум нест.
То ҳол ду нафар ҳамчун ҷабрдида ба пулис муроҷиат кардаанд. Ҳоло тафтиши парванда идома дорад.
Боздошти Шамсулло Мудинов ба гумони пулситонӣ аз ронандаҳо дар фурудгоҳи Қазон дар ҳолест, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар таваққуфгоҳи ин фурудгоҳ миёни як гурӯҳи ронандагони таксӣ занозанӣ рух дода буд, ки дар пайи он нисбати чанд нафар парванда боз шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ