Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуд
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо ҷамъоварии 11 ҳазору 336 тонна пахта нақшаи пешбинишудаи истеҳсоли пахтаро 100,1 фоиз иҷро карданд.
Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, рӯзи 21 ноябр ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳия хабар дод.
Дар ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтанд, расидан ба чунин нишондиҳандаи истеҳсолӣ натиҷаи заҳмати кишоварзон ва иштироки фаъоли сокинони ноҳия дар маъракаи ҷамъоварии пахта мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ин дастовардро ба роҳбарият ва кишоварзони ноҳия табрик гуфта, ба зарурати пурра ба анҷом расонидани раванди ҷамъоварии ҳосил таъкид кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ