Нигаронии академик Искандаров аз бунёди канали Қуштеппа

Қосимшоҳ Искандаров, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  гуфт,  ки аллакай 100 км канали Қуштеппа сохта шуд.

Ӯ гуфт, ки  сохтмони ин канал барои Осиёи Миёна паёми фоҷеабор дорад.

Искандаров дар нишасти матбуотии АМИТ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки кишварҳои Осиёи  Марказӣ хатари инро эҳсос намекунанд.

Тибқи маълумоти мутахассисон, канали обёрии Қуштеппа, ки аз ҷониби ҳукумати Толибон* сохта мешавад. Бидуни назардошти рахнашавӣ ва садамаҳо, хоҳ-нохоҳ то 15-20% аз маҷрои умумии Амударёро мегирад. Баъди ба истифода додани НБО -и “Роғун” дар Тоҷикистон, ки аз ҳамин дарё об мегирад, вазъи марбут ба об дар ин қисми Осиёи Марказӣ ба таври ҷиддӣ мушкил мешавад.

Рӯзи 12 октябри соли 2023 мансабдорони ҳукумати Толибон* қисми аввали канали обёрии Қуштеппаро ботантана ифтитоҳ намуда, дарҳол эълон карданд, ки ба сохтмони қисмати дуюми он оғоз мекунанд.

Дарозии қисмати мавриди истифода қароргирифта 108 км ва қитъае, ки сохта мешавад, — 65 км-ро ташкил медиҳад. Ба сурати умум тибқи нақша сохтмони 285 км иншооти обёрии бараш 100 метр ва чуқуриаш қариб 8,5 метр ба нақша гирифта шудааст.

Мақомоти Афғонистон таъкид мекунанд, ки лоиҳаи арзишаш 684 млн долларро онҳо бидуни ягон кумаки беруна амалӣ мекунанд.

Канали Қуштеппа дар вилояти Балхи Афғонистон аз дарёи сарҳадии Амударё сарчашма мегирад, ки қаламрави Афғонистонро аз ҳамсояҳои шимолиаш – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷудо мекунад. Татбиқи лоиҳа ба камобшавии обанбор таҳдид мекунад, ки махсусан Тошкандро ба ташвиш овардааст.

Аз ҷумла, ин гуна нигарониҳо қаблан аз ҷониби президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев садо дода буд.

Дар пасманзари ифтитоҳи канали Қуштеппа дар охири моҳи ноябр Мирзиёев соли 2024-ро ба далели камбуди об дар Ӯзбекистон давраи гузариш ба ҳолати фавқулоддаи сарфаи об эълон кард.

Сарвари давлат зимни шарҳи далелҳои чунин тасмимгирӣ тавзеҳ дод, ки ҳоло 80%-об ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои ҳамсоя ворид мешавад.

Оё канали Қуштеппа ба Тоҷикистон низ таҳдид мекунад? Сохтмони канал барои Ӯзбекистон ва Туркманистон,  кишварҳое, ки дар поёноби Амударё воқеъ гардидаанд, ба мушкили ҷиддӣ табдил меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *