Дар Хуҷанд «Форел Платинум» ифтитоҳ шуд
3 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бинои нави тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор дод.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иншооти замонавӣ бо ташаббуси ҶДММ «Гулмоҳии Хуҷанд» ва соҳибкор Муҳсин Шодиев бунёд шуда, барои баргузории тӯю маъракаҳо, қабули меҳмонону сайёҳон ва хизматрасонии сатҳи баланд пешбинӣ шудааст.
“Дар тарабхона асосан навъҳои гуногуни гулмоҳӣ, таомҳои миллӣ ва аврупоӣ омода мешаванд. Бо оғози фаъолияти он 80 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд”, – иттилоъ медиҳад манбаъ.



Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат чанд тарҳи муҳими рушди инфрасохтори шаҳри Хуҷанд низ муаррифӣ гардид.
Аз ҷумла: – сохтмони пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев;
– таҷдиди пулҳои мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои Сирдарё;
– таҷдиди 3,8 километр роҳи кӯчаи Раҳмон Набиев;
– навсозии 3,2 километр хиёбони Истиқлол;
– мустаҳкамсозии соҳили Сирдарё ва бунёди низоми нави равшанидиҳӣ.
Ҳамчунин, тарҳҳои сохтмони Маркази тамаддуни ориёӣ, Китобхонаи вилоятӣ, Чойхонаи миллӣ, меҳмонхонаи «Ҳилтон», маҷмааи меҳмонхонаи «Истиқлол» ва навсозии меҳмонхонаи «Хуҷанд» дар шаҳри Бӯстон муаррифӣ шуданд.
Президент ба масъулон дастур дод, ки ҳангоми сохтмони пулу роҳҳо ба сифати кор ва масолеҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ҳамзамон сатҳи хизматрасонӣ ва ҷалби сайёҳонро беҳтар намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ