Вазорати мудофиа: Нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш беш аз 97 дарсад иҷро гардид
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш то ҳол беш аз 97 дарсад иҷро шудааст.
Дар ин бора ин ниҳод дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ дода, гуфтааст, нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбиро аввалиншуда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расонид.
Ба иттилои манбаъ, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ дар моҳи октябри соли равон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намудаанд.
Вилояти Суғд нақшаи пешбинигардидаро наздики 92 фоиз иҷро намуда, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Панҷакент, Истиқлол, Айнӣ, Ашт, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз натиҷаи пурраи нақшаи даъват ҳисобот додаанд.
Вазорати мудофиа таъкид намудааст, ки иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 99, 6 фоиз баробар мебошад.
“Ҳамарӯза ҷавонони бо нангу номуси синни даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гардида, омодаанд, ки вазифаи консититусионии хешро дар назди халқу Ватан бо масъулияти баланд иҷро намоянд”,-навиштааст манбаъ.
Бар асоси фармони Президенти Тоҷикистон даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ аз 1-уми октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, аз он як моҳ сипарӣ гардид. Маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ то 30-юми ноябр идома меёбад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ