Ширкати чинӣ роҳи «Балҷувон-Сари Хосор»-ро месозад. Ҷузъиёти мулоқоти Азим Иброҳим бо Биан Донг
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон-Сари Хосор» бо як ширкати чинӣ қарордод имзо кард.
Ин ниҳод, рӯзи 2-юми ноябр хабар дод, ки зери қарордод Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар ва Биан Донг, директори генералии намояндагии ширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» дар Тоҷикистон, имзо гузоштаанд.
“Дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндангони ширкати “Nanjing Communication Engineering Company Ltd”… масъалаҳои мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохтани роҳи мазкур, саривақт ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ баррасӣ гардиданд”,-иттилоъ додааст манбаъ.
Азим Иброҳим таъкид намудааст, ки роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» дар минтақае бунёд мешавад, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ тағйирёбанда буда, ҳангоми боришоти зиёди барфу борон ва офатҳои табиӣ осебпазир мебошад. Ӯ таъкид намудааст, ки ҳангоми амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ бо назардошти хатарҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ, роҳи мазкур бояд мутобиқ гардонида шавад.
Дарозии ин роҳ 54,1 км буда, дар доираи он сохтмони 10 пули хурду бузург ва 121 қубури обгузар пешбиниӣ шудааст.
Тарҳи сохтмони ин роҳ дар доираи маблағҳои қарзии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ хоҳад шуд.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои навсозии ин роҳ беш аз 50 миллион евро маблағгузорӣ мекунад. Аз ин маблағ 49,2 миллион евро қарз ва 4,2 миллион евро кумаки бебозгашт ё грант мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ