Ифтитоҳи корхонаи нави Саидмурод Давлатов дар Суғд
Имрӯз, 2 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар деҳаи Лолазори деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич корхонаи нави коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураро ба истифода дод. Корхона имкон дорад солона то 7 ҳазору 200 тонна маҳсулоти кишоварзиро коркард кунад.
Корхонаи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бунёд гардида, барои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли афшура, нӯшоба, мураббо ва дигар навъҳои консерваи меваю сабзавот пешбинӣ шудааст.



Бино ба иттилои расмӣ, дар корхона ду хатти технологӣ насб шудааст, ки таҷҳизоти он аз Олмон ва Италия ворид гардидааст. Иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ то 600 тонна ва дар як сол то 7 ҳазору 200 тонна меваю сабзавотро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, корхона метавонад дар як соат то 2 ҳазору 700 литр афшура ва нӯшобаҳои табииро бе иловаи шакар ва об истеҳсол намояд.
Барои қабул ва нигоҳдории ашёи хом ва маҳсулоти тайёр дар ҳудуди корхона сардхона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шудаанд. Меваю сабзавот ва маҳсулоти полезӣ, асосан, аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дастрас карда мешаванд.
Бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хоми маҳаллӣ дар наздикии он дар масоҳати 5 гектар боғи интенсивӣ низ бунёд шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ