Абераи Аҳмади Дониш бо даъвати Президент ба Душанбе омад

Одил Дониш, абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар як ҳамоиш ба Душанбе омадааст.

Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар саҳифаи фейсбукияш хабар додааст.

Одил Дониш, соҳибкори мисрӣ, раиси ширкати “Smart Villages” ва раиси Шӯрои директорони ширкати “Silicon Waha”, рӯзи 31-уми октябр бо Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мулоқот намудааст.

Дар ин мулоқот густариши ҳамкориҳои ду кишвар  дар соҳаҳои саноат, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ, истихроҷу коркарди захираҳои маъдан, ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак баррасӣ гардидаанд.

“Ҳамзамон, ба масъалаи истифодаи иқтидори ширкатҳои “Smart Villages” ва “Silicon Waha”  дар самти рушди инфрасохтори муосири технологӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ширкатҳои IT ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд”,-навиштааст манбаъ.

Одил Дониш, ки бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омадааст,  дар кори ҳамоиши байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ – AICONF-2026 дар рӯзҳои 30 – 31 октябр ширкат намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *