Дар ДМТ омодагӣ ба 40-солагии Истиқлол ва истифодаи сарфакоронаи барқ баррасӣ шуд (аксҳо)
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд, ки дар он муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва масъалаҳои истифодаи оқилонаву сарфакоронаи неруи барқ баррасӣ гардид.
Ин семинар 2 ноябр доир шуда, дар он роҳбарият, омӯзгорон ва муҳаққиқони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ректори ДМТ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зимни сухани ифтитоҳӣ аҳаммияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллиро таъкид кард.
Зикр гардид, ки дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими истиқлолу озодӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ободонии Ватан ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз самтҳои муҳим ба шумор мераванд. Ҳамзамон, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳамчун заминаи рушди минбаъдаи кишвар арзёбӣ гардиданд.




Ба таъкиди иштирокчиён, қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатӣ идомаи сиёсати созандагӣ ва муайян намудани ҳадафҳои дарозмуддати рушди кишвар мебошад. Омодагӣ ба ин санаи муҳим, ки соли 2031 таҷлил мешавад, бояд аз имрӯз оғоз гардида, ба ободонии шаҳру деҳот, рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат намояд.
Дар идома декани факултети муштараки ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус, дотсент Фазлиддин Шарифзода дар мавзуи «40-солагии Истиқлоли давлатӣ: идомаи сиёсати созандагӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ» маърӯза кард. Ӯ таъкид намуд, ки таҷлили 40-солагии Истиқлол танҳо ҷашни як санаи таърихӣ набуда, марҳалаи нави масъулият ва сафарбарии ҷомеа ба корҳои созандагиву бунёдкорист.
Профессор Аваз Назарзода масъалаи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои вайрон кардани қоидаву меъёрҳои истифодаи неруи барқро баррасӣ намуда, зарурати риояи қонунгузорӣ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии барқ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандонро таъкид кард.
Ҳамчунин, дотсент Рамазон Самадов доир ба истифодаи сарфакоронаву самараноки неруи барқ ва талаботи меъёрӣ нисбат ба истифодаи таҷҳизоти барқӣ суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки истифодаи таҷҳизоти каммасраф, пешгирии талафоти беҳуда ва сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи неруи барқ аз омилҳои муҳими таъмини амнияти энергетикии кишвар мебошанд.
Дар ҷамъбаст ректори ДМТ ба масъулон ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни омӯзгорону донишҷӯён, риояи талаботи қонунгузорӣ, истифодаи оқилонаи неруи барқ, ободониву сабзгардонии муҳити донишгоҳ ва вусъат бахшидани корҳои созандагӣ дастуру супоришҳо дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ