Деҳқонони Спитамен нақшаро иҷро карданд. Соҳиби мошин мешаванд?
Кишоварзони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аввалин шуда нақшаи ҷамъоварии пахтаро дар ин вилоят иҷро намудаанд.
Аз ҳукумати Суғд ба Pressa.tj хабар доданд, ки кишоварзон тавонистанд 13 ҳазору 78 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Имсол дар ин ноҳия нақшаи ҷамъоварии пахта 13 ҳазору 70 тонна будааст, ки барзиёд иҷро шудааст.
Манбаъ мегӯяд, раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода рӯзи 1 ноябр ба раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода муждаи зафарро расонид.
“Ҳанӯз дар ноҳия пахта фаровон буда, заркорони ноҳия минбаъд низ барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта саҳми арзанда мегузоранд. Ин дастовард нишонаи заҳмати софдилона ва масъулиятшиносии кишоварзони ноҳияи Спитамен буда, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас дар соҳаи кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам меорад”,-афзуд манбаъ.
Қаблан раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода эълон карда буд, ки пешсафони маъракаи пахтачинӣ соҳиби 7 мошини сабукрав мешаванд, аммо танҳо ба шарте, ки аз иҷрои нақшаи одӣ фаротар раванд. Ба гуфтаи раиси вилоят, ҷоизаҳои гаронбаҳо насиби он шаҳру ноҳияҳое мегардад, ки уҳдадориҳои барзиёди худро иҷро кунанд.
Тибқи омори расмӣ, то 30-юми октябр дар вилояти Суғд беш аз 77 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ба 64,7 фоизи нақшаи солона баробар аст. Имсол нақшаи истеҳсоли пахта дар Суғд 119 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои расмӣ, соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта наздик ба 395 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Баъзе шаҳру ноҳияҳои дигар ҳам дар минтақаҳои пахтакори кишвар нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намудаанд. Пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон буда, ҳосилнокӣ ва кам ё зиёд ҷамъоварӣ намудани он ба вазъи иқтисоди кишвар метавонад таъсир гузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ