Вазорати меҳнат: Дар Русия беш аз 9 ҳазор муҳоҷирро соҳиби кор кардем

Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар  10 моҳи соли ҷорӣ  зиёда аз 9 ҳазор муҳоҷири меҳнатиро дар Русия ба кор таъмин намудааст.

Дар ин бора ин ниҳод бо нашри як хабар дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ дода, гуфтааст, ин амал дар пайи муроҷиати мустақими муҳоҷирони кории тоҷик  ба намояндагӣ сурат гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин беш аз 32 миллиону 500 ҳазор рубл музди меҳнати нопардохти муҳоҷирони тоҷик  аз корфармоён баргардонида шудааст.

Намояндагии Вазорати кору муҳоҷират далели напардохтани музди кори муҳоҷиронро шарҳ надодааст.

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар гузашта аз напардохтани музди меҳнаташон аз ҷониби корфармоёни рус борҳо шикоят кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *