Дар Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори Radisson Collection ба истифода дода шуд
Имрӯз, 30 октябр дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадори Radisson Collection Dushanbe ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Меҳмонхона аз 21 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 30 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар он 206 ҳуҷра, аз ҷумла се ҳуҷраи махсуси президентӣ, муҷаҳҳаз гардидааст. Дар маҷмӯъ, меҳмонхона барои ҷойгир кардани тақрибан 260 нафар пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмаа тарабхонаҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, марказҳои SPA, толори фитнес ва сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, осорхона, гӯшаи сайёҳӣ ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ташкил шудааст. Барои баргузории конфронсу чорабиниҳои байналмилалӣ низ толорҳои махсус мавҷуданд.
Танҳо дар худи меҳмонхона беш аз 400 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст. Бо дарназардошти фаъолияти марказҳои тиҷоратӣ ва утоқҳои кории маҷмаа, шумораи умумии ҷойҳои корӣ ба 1 500 мерасад.
Барои меҳмонону муштариён таваққуфгоҳ бо ғунҷоиши беш аз 350 автомобил пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи сохтмони меҳмонхона соли 2019 муаррифӣ гардида, маблағгузории он аз ҷониби ширкати «Себистон-2018»-и соҳибкор Саид Холова таъмин шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ