Нақшаи ҷамъоварии пахта дар Хатлон 60 дарсад иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон кишоварзон нақшаи ҷамъоварии пахтаро 60 дарсад иҷро намуда, чиниши пахта дар шаҳру навоҳии пахтакори ин вилоят идома дорад.
Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки аз 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят, Бохтару Левакант нақшаро пурра иҷро кардаанд.
Нақшаи ҷамъоварии пахта дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Ёвон, Дӯстӣ ва Вахш аз 75 то 90, вале дар Восеъ, Кӯлоб ва Фархор каме бештар аз 30 дарсад иҷро шудааст.
Имсол дурнамои ҷамъоварии пахта дар Хатлон 266 ҳазору 200 тонна буда, то 26-уми октябр 155 ҳазору 905 тонна ҷамъоварӣ шудааст.
Ба иттилои расмӣ, имсол дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта наздик ба 395 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Баъзе шаҳру ноҳияҳои дигар ҳам дар минтақаҳои пахтакори кишвар нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намудаанд. Вазорати кишоварзӣ маълумоти нав нашр накардааст, ки дар ҷумҳурӣ, дар умум нақшаи ҷамъоварии пахта то ҳол чанд дарсад иҷро шудааст.
Ин ниҳод миёнаҳои моҳи октябр аз ҷамъоварии беш аз 206 ҳазор тонна пахта хабар дода буд, ки бештар аз 50 дарсади дурнамои нақшаро ташкил медиҳад.
Пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон буда, ҳосилнокӣ ва кам ё зиёд ҷамъоварӣ намудани он ба вазъи иқтисоди кишвар метавонад таъсир гузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ