5 самти калидӣ дар ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон

Ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистону Қазоқистон соли 2025 ба 1,2 миллиард доллар расидааст. Дар нуҳ моҳи соли 2026 бошад, ин нишондиҳанда 1,13 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 230,9 миллион доллар ё 25,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин рақамҳо 27 октябри соли 2026 дар ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, садо доданд. Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини якуми Сарвазири Қазоқистон Нурлибек Налибаев ва бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар доир шуд.

Аз савдо то сармоягузорӣ

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт,  логистика, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардиданд. Таъкид шудааст, ки Қазоқистон яке аз се шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошад.

«Дар ин замина ҷонибҳо зарурати андешидани тадбирҳои муштаракро ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёту логистика таъкид намуданд», – иттилоъ медиҳад хабаргузории «Ховар».

Ҳамчунин, дар ҷаласа ба бартараф намудани монеаҳои тиҷоратӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, байторӣ ва фитосанитарӣ, рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, густариши ҳамкории энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои мустақими соҳибкорон, рушди ҳамкории байниминтақавӣ, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, пешбурди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки сармоягузорӣ низ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Таваҷҷуҳи бештар ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон, рушди истеҳсолот ва ҷалби сармоя равона шудааст.

Имрӯз, тавре ки ба назар мерасад, ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон тадриҷан аз доираи мубодилаи одии мол берун рафтааст. Он самтҳои сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, нақлиёту логистика, энергетика ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро фаро мегирад.

Қазоқистон яке аз шарикони асосии иқтисоди Тоҷикистон ва аз сармоягузорони муҳим  ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, танҳо дар соли 2024 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 217,1 миллион доллар сармоя ворид шудааст. Аз ин маблағ 15,5 миллион доллар ба сармоягузории мустақим рост меояд.

Ҳаҷми сармоягузории мустақим нисбат ба соли 2023 тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҷониби Қазоқистон соли 2025 иттилоъ дода буд, ки ҳаҷми умумии сармоягузории ҷамъшудаи ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон аз 146 миллион доллар гузаштааст.

Соли 2024 дар Тоҷикистон 92 ширкат бо сармоя ё иштироки қазоқӣ фаъолият мекарданд. То он замон, давоми тақрибан даҳ сол аз ҷониби ин ширкатҳо ҳудуди 45 миллион доллар сармояи мустақим ворид шуда буд. Дар миёни ширкатҳое, ки дар манбаъҳои расмии Қазоқистон ҳамчун ширкат ё лоиҳаҳо бо иштироки сармоягузорони қазоқӣ дар Тоҷикистон ном бурда шудаанд, «Оби Зулол», «Суғд Пак», «Зерновая компания» ва «Сомон Шифер» зикр мешаванд. Ҳамчунин, дар бозори Тоҷикистон намояндагиҳо ва дилерҳои ширкатҳои қазоқистонӣ дар соҳаҳои масолеҳи сохтмон, маҳсулоти ордӣ, таҷҳизоти барқӣ ва дигар самтҳо фаъолият доранд.

Ба андешаи коршиносон, ҳузури чунин ширкатҳо  барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ замина фароҳам меоваранд.

Корхонаҳои муштарак, лоиҳаҳои нав

Яке аз самтҳои  муҳими ҳамкории иқтисодии ду кишвар гузариш аз мубодилаи мол ба истеҳсоли муштарак мебошад. Ин вобастагии бозорҳоро аз воридоти маҳсулоти тайёр коҳиш дода, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди коркарди ашёи хом имкон фароҳам меоварад.

Дар Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон соли 2023 беш аз 30 санад ба маблағи зиёда аз 2,6 миллиард доллар оид ба таъсиси корхонаҳои муштарак, кооператсияи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба имзо расида буд. 

Соли 2025 бошад, ҷонибҳо як қатор самтҳои мушаххаси истеҳсоли муштаракро муайян карданд. Аз ҷумла, истеҳсоли орд ва маҳсулоти ордӣ, коркарди гӯшт ва дигар маҳсулоти чорводорӣ, истеҳсоли равғани растанӣ, маҳсулоти қаннодӣ, афшура ва консентратҳои табиӣ, инчунин таъсиси корхонаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар аз ҷумлаи ин самтҳо мебошанд.

Яке аз лоиҳаҳои муҳим ташкили маркази нақлиётиву тақсимотӣ дар истгоҳи Хатлон мебошад. Ҳадафи он таъсиси анборҳо, майдони савдо ва маркази логистикӣ барои маҳсулоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ аст. Дар сурати татбиқи самаранок, чунин марказ метавонад ба нигоҳдорӣ, тақсимот ва интиқоли маҳсулот мусоидат кунад. Инчунин,  талафоти маҳсулоти зудвайроншаванда коҳиш меёбад.

Дар соҳаи металлургия ва таъмини ашёи хом низ заминаҳои ҳамкорӣ мавҷуданд.

«KazakhExport», ТАЛКО ва Бонки Авруосиёии рушд барои рушди кооператсияи саноатӣ, аз ҷумла таъмини ТАЛКО бо кокси нафтӣ, маводи оташбардор ва феррофосфори истеҳсоли Қазоқистон, созишнома бастаанд.

Ҳамчунин, соли 2024 Қазоқистон ва Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ, истихроҷ ва коркарди урану металлҳои нодир меморандум имзо карданд. Ин ҳамкорӣ омӯзиши муштараки конҳо, коркард, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва омодасозии мутахассисонро дар бар мегирад.

Аз комиссияи байниҳукуматӣ то самтҳои калидӣ

Василаи муҳим дар пайванд ё ҳамоҳангсозии робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошад. Ин комиссия аз соли 1995 фаъолият мекунад. Доираи фаъолияти он танҳо ба масъалаҳои сармоягузорӣ маҳдуд намешавад.

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, комиссия масъалаҳои иқтисод ва савдо, саноат, сармоягузорӣ ва бонкдорӣ, нақлиёт ва логистика, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, гумрук, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин экология ва ҳифзи муҳити зистро фаро мегирад.

Вазорату идораҳои дахлдор дар доираи он масъалаҳои муҳим ва пешниҳодҳои навро баррасӣ мекунанд, қарорҳои мувофиқ қабул мешаванд ва иҷрои онҳо то ҷаласаи навбатӣ пайгирӣ мегардад.

Аммо савдо ҳанӯз яке аз сутунҳои асосии муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон боқӣ мемонад. Соли 2024 гардиши савдои ду кишвар тақрибан 1,3 миллиард долларро ташкил дода буд. Ҳадафи эълоншудаи сарони ду давлат расонидани ин нишондиҳанда ба 2 миллиард доллар мебошад. Дар соли 2025 гардиши савдо тақрибан 1,2 миллиард доллар сабт шудааст.

Ҳоло чанд самти ҳамкории асосӣ байни ду кишвар аҳамият доранд.

Аввал, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ. Тавре маълум аст, Қазоқистон яке аз таъминкунандагони муҳими Тоҷикистон бо гандум, орд, равғани растанӣ ва дигар маҳсулоти ғалладона мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 савдои маҳсулоти агросаноатии ду кишвар ба 595 миллион доллар расидааст. Дар семоҳаи аввали соли 2026 ин нишондиҳанда боз 26,1 фоиз афзудааст.

Дуюм, нақлиёт ва логистика. Қазоқистон барои Тоҷикистон яке аз роҳҳои муҳими дастрасӣ ба бозорҳои Русия, Чин ва дигар кишварҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҳамкории роҳи оҳан, рушди транзит, таъсиси марказҳои логистикӣ ва беҳтар кардани робитаҳои нақлиётӣ аҳамияти стратегӣ доранд. Самаранокии ин ҳамкорӣ метавонад хароҷоти интиқолро коҳиш дода, рақобатпазир будани маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро баланд бардорад.

Сеюм, саноат ва кооператсияи истеҳсолӣ. Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, кимиё, мошинсозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз самтҳои ҳамкории ду кишвар ба шумор мераванд. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳаҳо барои коркарди ашёи хом, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ метавонад мусоидат кунад.

Чорум, энергетика ва таъмин бо маҳсулоти сӯзишворӣ. Қазоқистон ба Тоҷикистон маводи сӯхт ва баъзе маҳсулоти энергетикиро содир мекунад. Ҳамзамон, имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти истифодаи технологияҳои муосир, сарфаи энергия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доранд.

Панҷум, бонкдорӣ ва маблағгузории савдо. Бонкҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои содиротию қарзии Қазоқистон дар самтҳои маблағгузории тиҷорат, суғуртаи қарзҳои содиротӣ ва дастгирии лоиҳаҳои муштарак ҳамкорӣ мекунанд. Соли 2025 Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон бо «KAZAKHEXPORT» созишномаи шарикии стратегӣ баста буд. Чунин ҳамкорӣ метавонад дастрасии соҳибкоронро ба маблағгузорӣ осон  ва хавфҳои тиҷорати байналмилалиро коҳиш диҳад.

Ҳоло Тоҷикистону Қазоқистон талош доранд, ки муносибатҳои иқтисодиро ба сатҳи нави ҳамкорӣ,  аз ҷумла ҷалби бештари сармоягузорӣ, истеҳсоли муштарак расонанд.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *