Донишманде, ки умрашро ба забони тоҷикӣ бахшид (видео)

30 октябр ба зодрӯзи яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик – академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ рост меояд.

Ӯ соли 1926 дар шаҳри Бухоро, дар хонадони донишманд ва маорифпарвари маъруф Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ба дунё омадааст.

Муҳаммадҷон Шакурӣ адабиётшинос, мунаққид, забоншинос, таърихнигор ва публисист буда, тамоми умри худро ба омӯзишу ҳифзи забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷик бахшидааст.
Пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, солҳои зиёд дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият кардааст.

Соли 1971 доктори илмҳои филологӣ ва соли 1987 академики Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд. Аз соли 1996 узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон низ буд.

Шакурӣ дар таҳияи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» саҳми муҳим гузошт ва аз чеҳраҳои калидӣ дар масъалаҳои ҳифзи забони тоҷикӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ ба шумор мерафт.

Аз ӯ садҳо мақолаи илмӣ ва даҳҳо китобу рисола боқӣ мондааст. «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад», «Забони мо – ҷаҳони мо», «Хуросон аст ин ҷо», «Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ», «Садри Бухоро» ва «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии халқи тоҷик» аз ҷумлаи осори маъруфи ӯянд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ махсусан дар таҳқиқи осори устод Садриддин Айнӣ, таърихи адабиёти тоҷик ва масъалаҳои забони миллӣ мактаби хоси илмӣ ба вуҷуд овард.

Ӯ Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 2012 аз олам гузашт, аммо осори ӯ имрӯз ҳам дар роҳи ҳифзи забон, худшиносии миллӣ ва шинохти таъриху фарҳанги тоҷикон аҳаммияти бузург дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *