Абармарде аз табори фарҳангу хирад
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ дар шинохти академик Абдуҷаббор Раҳмонзода
Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ аз зумраи донишманде аст, ки дар адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таърих ва ташаккули худшиносии миллати тоҷик нақши мондагор гузоштааст. Ба муносибати садсолагии устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки айни замон таҷлили он дар муассисаҳои илмиву фарҳангии кишвар идома дорад, бо яке аз шогирдони эшон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода суҳбат оростем.
– Устод Абдуҷаббор Раҳмонзода, нахустин ошноии Шумо бо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ чӣ гуна сурат гирифт ва аз он дидори аввал кадом хислати эшон дар хотиратон мондааст?
– Ташаккур. Шиносоии аввали мо дар факултаи филологияи тоҷики ДМТ сурат гирифт. Муаллим бо даъвати профессор Раҳими Мусулмониён, ки мудири кафедраи назария ва адабиёти муосири тоҷик буданд, барои хондани як курс доир ба адабиёти муосири тоҷик розӣ шуда буданд. Ба донишҷӯёни бахши нақди адабӣ дарс гуфтани академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ин як рӯйдоди фаромӯшнашаванда ҳисоб меёфт. Мо дарсҳои муаллимро бо шавқ гӯш мекардем ва дар поёни дарс саволу ҷавоб ҳам мекардем. Дар баъзе муҳокимаҳо мо донишҷӯён фаъолона иштирок мекардем ва муаллим аз ҷавобҳои мо хушҳол мешуданд. Як рӯз баъди дарс гуфтанд, ки ба шуъбаи адабиёти муосири тоҷики Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакӣ биёям ва дар он ҷо суҳбат хоҳем кард. Дар вақти муайншуда ба назди кабинети устод рафтам, устод хуб қабул карданд ва мо дар атрофи насри муосир суҳбат намудем. Муаллим бо хоксорӣ, меҳрубонӣ, фурутанӣ ва фазилатмандӣ сухан мегуфтанд ва мани донишҷӯ аз суҳбати устод ғизои маънавӣ мегирифтам. Баъди суҳбат, устод маро то роҳрав гусел карданд. Дар ҳамон ҷо бори аввал бо устод Валӣ Самад, Абдураҳмон Абдуманнов, Шоҳзамон Раҳмонов, Абдухолиқи Набавӣ ва дигарон шинос шудам. Мулоқоти мазкур бароям мояи ифтихор буд ва дар Китобхонаи Фирдавсӣ таассуроти вохӯриамро ба баъзе ҳамкурсҳоям нақл кардам. Сонӣ, дар конфронсу чорабиниҳои илмиву адабӣ эшонро, ки медидем, омода бо вай салом медодем ва аз аҳволашон пурсон мешудем.
Дар интихоби мавзуи кори номазадиям назару хулосаи устод нақши калидӣ бозиданд. Дар адабиётшиносии муосир муҳаққиқон дар бораи “категорияи замони бадеӣ” иҷмолӣ сухан гуфта бошанд ҳам, дар ин мавзуъ касе рисолаи илмӣ таҳя накарда буд. Устод баъди дидани нақшаи корӣ розӣ шуданд, ки ба таҳқиқи мавзуъ ҷиддӣ машғул шавам. Иловатан, таъкид карданд, ки масъалаҳои нав баъзе мушкилиҳои мубоҳисавиро пеш меоварад, аммо нигарон шудан даркор нест. Бо ҳамин, мавзуи “Категорияи замони бадеӣ дар насри муосири солҳои 60-80- ум” дар кафедра тасдиқ гардид. Мавзуи мазкурро устодон – Соҳиб Табаров ва Раҳим Мусулмониён низ хуб пазируфтанд. Бо дуои неки устодон рисола бо муваффақият дифоъ шуд ва академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар рӯзи дифоъ баромад карда, ба кор баҳои мусбат доданд. Ҳамин тавр, шиносоии мо аз дараҷаи шогирдӣ ба дараҷаи фарзандиву падарӣ расид ва то кунун ман номи устодро аз забон дур намесозам ва ҳамеша ба руҳашон дуруду дуо мефиристам.
– Муҳаммадҷон Шакурӣ дар хонадони Садри Зиё ба дунё омада, кӯдакиашро дар замони пурошӯби сипарӣ кардааст. Ба назари Шумо, сарнавишти падар ва фоҷеаи хонадон то чӣ андоза ҷаҳонбинӣ ва худшиносии ӯро шакл доданд?
– Дар суҳбатҳои хоса, ки бо шогирдон менишастанд, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ баъзе лаҳзаҳои ҳаёти падар, меҳрубонии модарро ёд мекарданд ва ҳамеша назари нек ба волидайн доштанд. Баъдҳо барои чопи асарҳои падар талошҳои зиёд карданд. Чандин мактуб ба Кумитаи Марказии Ҳизиби Коммунисти Ҷумҳурии Узбекистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон барои гирифтани китобҳои падар ирсол карданд, аммо натиҷа надоданд. Танҳо, пас аз талошҳои зиёд, иҷозат гирифтанд, ки баъзе асарҳои падарашонро, ки дар Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абурайҳон Берунии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон ҳифз мешуданд, зеракс намоянд. Аз ин хушхабар устод ниҳоят шод гардида буд. Бо ҳамин, устод баъзе рисолаҳои падарро дар шакли факсамилӣ соҳиб шуданд. Пасон, муаллим дар бораи падарашон очерки илмиву адабиро бо номи “Садри Бухоро”навишта, сарусхане ба тазкираи падар илова намуданд. Дар ин муқаддима устод аз чанд тан олимони тоҷику эронӣ, ки ба таҳқиқи осори қиблагоҳашон иқдом гирифта буданд, ёдовар шудаанд. Дар пешгуфтор аз професор Расул Ҳодизода, Саҳобиддини Сиддиқӣ, Сайид Алии Мавҷонӣ ташаккур мекунанд, ки мақолаҳои пуразишро дар бораи падари бузургворашон таҳия ва нашр намуданд. Муаллим дар бораи хидматҳои устод Айнӣ, ки дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ва “Ёддоштҳо” аз падари адабиётдӯсташ – Садри Зиё ёд карда буданд, ишораи махсус менамояд. Ҳамзамон аз Шодмон Воҳидов ва Афтандил Эркинов, ки дар таҳқиқи китобхонаи Садри Зиё “Асомӣ-ул-кутуб” заҳмати зиёд кашида, чанд китоби гумшудаи онро боз аз нав пайдо карданд, арзи сипос менамояд. Феҳристи (котолог) китобхонаи Садри Зиёро олиму донишманди эронӣ Сайид Алии Мавҷонӣ бо пешгуфторе бо номи “Китоб ва китобдорӣ дар Бухоро” дар Теҳрон интишор намуд, ки устод аз эшон ниҳоят сипосгузор буданд.
Устод то он лаҳзае, ки соли 1932 падарашон дар ҳабс аз дунё гузаштанд, баъзе хотираҳоро аҳён-аҳён ба хотир меовард. Аммо дар бораи бори тарбия, ки бар дӯши модарашон афтода буд, бештар сухан гуфта, аз меҳрубонӣ, сабурӣ, пуртоқатии модарашон бо меҳр ёд мекарданд. Баъди як соли вафоти падар, модар низ оламро тарк менамояд ва тарбия ва парастории Муҳаммадҷони хурдсол бар души амакаш Аҳвадӣ мегузарад. Маҳз падару модар меҳри ӯро ба адабиёту фарҳанги миллӣ бедор карда, муаллимро шефтаи сухану суханварӣ намуда буданд. Вай то лаҳзаҳои охирини ҳаёт ба акси падараш, ки дар меҳмонхона ва дар дафтари кориашон гузошта буданд, бо меҳр менигаристанд ва ба меҳмононе, ки аз хориҷ ба назди эшон меомаданд, бо муҳаббат дар бораи волидайнашон суханҳои нек гуфта, аз бузургии онҳо ифтихор мекарданд.
– Шумо ба таҳқиқоти устод Шакурӣ дар мавриди рӯзгору осори падараш Садри Зиё ва муҳити зиндагии ӯ чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
– Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар бисёре аз мақола ва асарҳое, ки солҳои навадум ва аввали солҳои 2000-ум таълиф кардаанд, гоҳе иҷмолӣ ва гоҳе бо мисолҳои дақиқ аз падари бузургворашон ёд мекунанд. Сипас, очерки илмиву адабиеро бо унвони «Садри Бухоро» таълиф менамоянд, ки дар он тарҷумаи ҳоли падарро комилу пурра ба хонанда пешниҳод мекунанд. Нашри аввали китоб бо хатти форсӣ дар Теҳрон бо кӯшиши Сайид Алии Мавҷонӣ (Сафои Ахавон) интишор шуда буд. Нашри дуюмаш соли 2005 тавассути нашриёти «Деваштич» дар Душанбе ба табъ расид.
Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мақолаҳои «Садри Зиё ва рӯзгори ӯ», «Тазкори ашъор ва масоили пайдоиши шеъри нав», «Ҷодаи ҳақ паймудам», «Чу анқоро баланд аст ошёна», «Байзоият ва маорифпарварӣ» доир ба сарнавишти талхи падар ва фоҷеаҳое, ки ӯ аз сар гузаронидааст, ниҳоят муфассал шарҳ навиштааст. Гарчанде домулло дар синни хеле хурдсолӣ аз падару модар ҷудо шуда бошад ҳам, аз онҳо ҳамеша бо муҳаббат ёд мекард. Устоди бузургвор тарбияи амаку аммаашро низ пеши хотир меовард, аммо хидмати падарро қадр карда, лаҳзаҳои охирини ҳаёти ӯро доимо хотировар мешуданд.
Устод дар як мақолааш гуфтаҳои профессор Шарифон Ҳусейнзодаро дар бораи чаҳор фозил – Насриддини Тусӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, ки дар таърихи халқи тоҷик хидмати бузург кардаанд, бо муҳаббат хотиррасон мешаванд. Махсусан, ишораи олимро дар бораи падарашон, ки мегӯянд: «Садри Зиё мисли Насриддини Тусӣ фарҳанги моро гирд овард, китобхонаи бузург барпо ниҳод ва аз ҳама муҳим он ки як мактаби бузурги илмиву адабӣ дар Бухоро ба вуҷуд овард», баҳои ниҳоят холисона медиҳанд.
Дар ҳақиқат, заминаи ташаккул ва таҳаввули ҳамин мактаби адабиро академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мақолаҳояш дуруст шарҳ дода, нақши падарро дар пешрафти илму маорифи Бухоро бемисл медонанд.
Китобхона ва асарҳои мондагори Садри Зиё – «Тазкори ашъор», «Осори зиёия», «Наводири зиёия», «Рӯзнома», «Шуарои мутаохирин», «Фузалои мутаохирин», «Зикри чанд нафар уламои давраи мутаохир», «Рисолаи хаттотони мутақаддим ва мутаохир», «Зикри хаттотони настаълиқӣ» – намунаи бемисли мероси падарашон мебошанд. Аз рӯйи хулосаи Саҳобиддин Сиддиқӣ навиштаҳои Садри Зиё аз 65 рисола иборат мебошад, ки бештари онҳо ба хатти муаллиф навишта шудаанд. Қисми бештари онҳо дар Тошканд ва қисми камаш дар Душанбе маҳфуз мебошанд. Баъзеашон, дар воқеаи соли 1918 дар пеши чашми Садри Зиё сӯзонда шудаанд. Мувофиқи ишораи устод Садриддин Айнӣ «Тазкори ашъор» дар аввал доир ба 200 нафар шоирон маълумот медодааст. Аммо баъди аз нав барқарор кардан, ҳамагӣ дар бораи 49 адиб ахбор омадаасту халос. Чунин ноадолатии таърих бар сари падари бузургвори устод Муҳаммадҷон Шакурӣ зиёд рух дода будааст, ки онҳоро устод дар мақолаҳояш ба таври шоиста тавзеҳ додааст.
– Дар тарҷумаи ҳоли устод Шакурӣ як воқеаи аҷибе ҳаст, он ҳам рад шудани рисолаи номзадиашон дар бораи Аҷзӣ. Ба назари Шумо чӣ омил сабаб шуд, ки устод аз илм дилсард нашавад ва ба таҳқиқи осори устод Айнӣ машғул гардад?
– Воқеан, чунин ҳодиса соли 1952 рух дода буд ва устод натавонист дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти маорифпарвари бузург – Сайдаҳмад Сиддиқии Аҷзӣ рисолаи номзадиашонро таҳти унвони «Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ (1865–1927)» дифоъ намояд. Асли масъала ба рисолаи илмӣ тааллуқ надошт, балки миёни ду омили субъективӣ тоб мехӯрд, ки дар ин кор ба таъбири худи домулло «чӯб бар сари мани ҷавони навқадам шикаст».
Омили аввал, ба сиёсати замон тааллуқ дошт. Дар ҳамон давра сохти идеологӣ намегузошт, ки миёни зиёиёни тоҷик ҳамкории ҳасана вуҷуд дошта бошад ва тафриқаандозӣ яке аз роҳҳои баде буд, ки намемонд масъалаҳо тавассути баҳсҳои илмӣ сурат гиранд. Махсусан, доир ба адабиёти охири асри XIX ва аввали асри XX ихтилофи назарҳо миёни муаррихон ва адабиётшиносон ба тундӣ пеш мерафтанд. Ҳамин омил, муҷиби ҳимоя карда натавонистани устод Муҳаммадҷон Шакурӣ гардида буд.
Омили дуюм, ба муноқишаи се адабиётшиноси саршиноси ҳамон вақт – Абдулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода ва Шарифҷон Ҳусейнзода вобастагӣ доштанд. Онҳо дар ҳамон давра оид ба масъалаҳои адабиёти маорифпарварӣ ва ҷадидӣ ақидаҳои мухталиф доштанд ва омӯхтани эҷодиёти адибонеро, ки бо иттиҳоми «миллатгароии буржуазӣ» маҳкум шуда буданд, зараровар медонистанд. Ҳамин масъала рисолаи илмии устод Муҳаммадҷон Шакуриро ба баҳси идеологӣ овард. Дар вақти ҳимоя Абдулғанӣ Мирзоев ба мавзӯи мазкур муқобилият нишон дода, Сиддиқии Аҷзиро на ҳамчун равшангар ва маорифпарвар, балки ба сифати намояндаи «ҷадидон ва миллатгароёни буржуазӣ» қаламдод кард. Ин пешниҳод Бобоҷон Ғафуровро, ки дар аввал дастгири муҳаққиқи ҷавон буд, маҷбур месозад, ки тарафдори ақидаи Абдулғанӣ Мирзоев шавад. Дар натиҷа рисолаи номзадии Муҳаммадҷон Шакурӣ баъди муҳокимаи тӯлонӣ (аз соати 19 то 3-и шаб) баргардонда мешавад. Танҳо ду нафар – Аловиддин Баҳоваддинов ва роҳбари илмиаш Холиқ Мирзозода ба тарафдории олими ҷавон овоз медиҳанд. Раиси Шӯрои илмӣ, ки Котиби Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Алиқул Имомов буд, зид овоз дода, дигарон ӯро тарафдорӣ менамоянд. Ҳатто, ба чопи рисолаи «Аҷзӣ ва эҷодиёти адабии ӯ», ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар асоси сарчашмаҳои зиёди илмӣ ва бойгонӣ дар ҳаҷми 440 саҳифа омода карда буд, иҷозат намедиҳанд.
Бо вуҷуди чунин муносибати ноадолатона, муаллим шукр мекарданд. Хайрият мегуфтанд, ки бо чунин «тӯҳмат» ӯ ва роҳбари илмиашро ҳабс накарданд. Сабаби ҳабс нашуданашон он будааст, ки Бобоҷон Ғафуров ҳамчун Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон намегузорад, ки «тӯҳмати фармоишӣ» амалӣ гардад. Баъди халос шудан аз ин муноқиша муаллим дилшикаста нагардида, фаъолияти илмиашро идома медиҳад ва соли 1958 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Хусусиятҳои ғоявию бадеии „Ёддоштҳо“-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)» бомуваффақият дар шаҳри Москва, таҳти роҳбарии И. С. Брагинский ҳимоя мекунад.
Маҳз меҳру муҳаббат ба илм, дилгармӣ ба таъриху фарҳанги миллат ӯро намегузорад, ки аз роҳи интихобкардааш баргардад ва корҳои пажӯҳиширо дар нимароҳ танҳо гузорад. Дар ин бора устод Абдухолиқ Набавӣ ва Пайванди Гулмурод низ мақола интишор карда, ҳамин сабабҳоро шарҳ дода буданд.
– Як бахши муҳими пажӯҳишҳои устод Шакурӣ айнишиносӣ аст, вале чанд сол пеш дар Душанбе китобе нашр шуд, ки «Шакурӣ пешвои айниситезон» ном дорад. Шумо ба ин гуна арзёбиҳо дар илм чӣ назар доред?
– Бале, чунин амали носавоб нисбат ба устод Муҳаммадҷон Шакурӣ сурат гирифт, ки ҳеҷ гуна пояи илмӣ надошт. Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ чи тавре ки дар боло зикр шуд, аз соли 1958 то лаҳзаи охирини ҳаёт доир ба устод Айнӣ таҳқиқоти бунёдии зиёд ба анҷом расонида, дар аксари мақола ва рисолаҳои илмиаш аз устод Садриддин Айнӣ ҳамчун падари маънавии миллат ёд мекунад ва хидматҳои шоистаашро дар рушди адабиёти охири асри XIX ва аввали садаи XX бемисл мешуморад. Устод Шакурӣ ба ғайр аз мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ дар бораи абарустод Садриддин Айнӣ рисолаҳои «Хусусиятҳои ғоявию бадеии “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ» (1966), «Садриддин Айнӣ» (1978, бо ҳуруфоти арабӣ), «Насри реалистӣ ва таҳаввулоти шуури эстетикӣ» (1986), «Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон» (2000), «Равшангари бузург» (2006)-ро таълиф кардааст.
Рисолаи охирин бар зидди ҳамаи «айниситезон» таълиф шуда, академик ба таври воқеӣ исбот менамояд, ки устод Садриддин Айнӣ ҳамчун фарзанди замон барои рушди адабиёти шуравии тоҷик хидмати беназир карда, барои миллатро аз ҳамлаи гуруҳҳои мухталифи тундгаро наҷот додан тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро таълиф карда, миллати тоҷикро аз вартаи нестшавӣ раҳоӣ бахшидааст. Он гурӯҳ, ки аз ҳисоби баъзе муҳоҷирони тоҷик, ки хешро «равшанфикри асил» мепиндоштанд, таъсис ёфта буд ва баъзе муҳаққиқони эроние, ки шахсияти устод Айниро дуруст намедонистанд, ба он ҳамроҳ шуданд. Бо кӯшиши олимону донишмандони аслӣ ва талошҳои пайвастаи устод Лоиқ Шералӣ нодуруст будани ақидаҳои «ин ҳомиҳои миллат» исбот гардид ва академик Муҳамммадҷон Шакурӣ аз зарби маломатҳои тундравон раҳоӣ ёфт. Яъне, ҳамон воқеаҳои солҳои панҷоҳум бори дигар дар сарнавишти устод такрор мешаванд.
Аммо бемуболиға бояд гуфт, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар муаррифии шоистаи хидматҳои абарустод Садриддин Айнӣ нақши бузург бозида, аз ҷиҳати илмиву фалсафӣ фаъолияти серпаҳлуи адиби номварро ба риштаи таҳқиқ кашида, худро шогирди мактаби устод Садриддин Айнӣ мепиндоштанд.

– «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» яке аз корҳои маъруфи устод Шакурӣ аст. Чӣ сабаб шуд, ки устоди адабиётшинос дар солҳои 80-ум ба забоншиносӣ рӯй овард?
– Дар воқеъ, рисолаи мазкур яке аз асарҳои мондагори устод Муҳаммадҷон Шакурӣ доир ба тарзи навиштани таъбиру ибораҳо ва калимаҳо ба забони адабии ҳозираи тоҷик дар забони матбуот мебошад. Пеш аз чопи китоб муаллим мақолаеро бо ҳамин ном («Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад») соли 1964 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп намуда буданд. Аммо содир шудани хатоҳои услубиву бадеӣ дар матбуоти тоҷик ӯро маҷбур месозанд, ки соли 1968 дар ин мавзӯъ рисолаи «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад»-ро интишор намоянд. Ин рисола ду маротибаи дигар (солҳои 1986, 2005) бознашр шудааст. Ба пиндошти мо, асари мазкур ягона асаре мебошад, ки тамоми нуқсонҳои забони расонаҳои хабариро аз лиҳози луғавӣ, калимасозӣ, сарфию наҳвӣ ва услубӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Устод меҳру муҳаббати беандозаи худро нисбат ба забони тоҷикӣ таъкид карда, ишора намудааст, ки: «Забони адабии тоҷикӣ забони иқтидормандест, ки дар зарфи чандин аср сайқал ёфтааст. Ин ҳолат ба зиммаи қаламкашҳои имрӯза масъулияти ҷиддие мегузорад. Донистани таърихи забони адабӣ ва роҳҳои инкишофи он, истифодаи ҳамаҷониба аз андӯхтаҳои чандинасраи вай, бо ҳассосияти махсусе ҳис кардани нозукиҳои он аз шартҳои асосии фарҳанги сухан аст».
Ба хотири ҳифзу ҳимояи забони тоҷикӣ устод Муҳаммадҷон Шакурӣ солҳои 80-уми асри XX боз ба ҳимояи забон бархост ва нахустин мақолаи худро дар рӯзномаи «Литературная газета» бо номи «Ҳар к-ӯ ба забони хештан дармонад» («Кто беспомощен в собственном языке») нашр намуд, ки дар ҳамон давра баҳси бузургро дар миёни зиёиёни Иттиҳоди Шуравӣ ба вуҷуд овард. Пасон, ин мақола сазовори ҷоизаи «Мақолаи сол» гардида, дар қатори мақолаҳои бунёдии академик Д. С. Лихачов, Чингиз Айтматов, Васил Биков қарор гирифт.
Мақолаи мазкур дар шакли мукаммал бо номи «Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст» дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (25 ноябри соли 1988) манзури хонандагони тоҷик гардид ва боиси падид омадани баҳсҳо дар атрофи асолати забони тоҷикӣ ва ҳифзи он гардид. Дар ҳамин замина, соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи давлатӣ таъсис дод, ки академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ба сифати раис таъин гардид. Баъди баҳсу мунозираҳои зиёд 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олӣ «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони тоҷикӣ» тасдиқ шуд. Дар ҳамон сол Кумитаи истилоҳот, ки барҳам хурда буд, аз нав таъсис ёфт ва устод раиси он таъин гардид. Дар ин марҳилаи таърихӣ хидмати устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар роҳи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ бемисл мебошад. Вай талошҳои зиёд карда, дар баҳсҳои илмӣ фаъолона иштирок мекард ва зарурияти мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикиро бо мисолҳои равшан исбот менамуд. Ҳамин талошҳо натиҷа доданд ва устод дар ин мубориза ғолиб баромад. Вай дар мақолаи «Истилоҳот ва забони миллӣ» андешаҳои худро баён карда, муҳим будани ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва истилоҳоти воридшавандаро ба он муфассал шарҳ медиҳад. Пас аз ин, дар чанд рисола ва мақолаҳои худ, ки баъди солҳои 2000-ум таълиф шудаанд, домулло сабабҳои чунин ҳақталошии худро пурра шарҳ додаанд.
– Муҳаммадҷон Шакурӣ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони соли 1989 буд. Шумо нақши шахсии ӯро дар ҳаракатҳои миллӣ дар охири солҳои 80-ум чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Дар таҳияи Қонуни забони тоҷикӣ муаллим бисёр заҳмат кашиданд. Мо борҳо дар меҳмонии устод шоҳиди он будем, ки муаллим сари ин масъала андешаҳои ҷиддӣ баён мекарданд ва маводи зиёдеро мутолиа менамуданд. Рӯйи мизи кории устод пур аз ҳуҷҷатҳо буд ва устод ба мо нишон медоданд, ки барои мукаммал ва дуруст таҳия шудани Қонуни мазкур ҳуҷҷатҳои зиёдеро саҳифагардон карда, ба зери маводи зарурӣ хат кашидаанд.
Кабинеташон дар бинои Академияи миллии илмҳо макони мубоҳисаву суҳбатҳо дар атрофи забони тоҷикӣ буд. Дӯстдорони ин забони ноб аз шаҳру ноҳияҳои мухталиф ба ҳузури устод омада, назару андешаҳояшонро баён мекарданд ва устод бо сабурӣ онҳоро гӯш карда, хулосаҳояшро дар дафтар қайд менамуданд. Ҳамин тавр, то ба имзо расидани санади зарурӣ устод талош карданд ва ба мақсади ниҳоии худ расиданд. Аммо таъкид мекарданд, ки барои ба меъёр мутобиқ шудани забон бояд заҳмати зиёд кашем.
– Шакурӣ аз ҳазфи вожаи «форсӣ» аз номи забони давлатӣ баъди соли 1994 интиқод мекард. Имрӯз ин баҳсро аз диди илмӣ чӣ гуна бояд фаҳмид?
– Дар ҳақиқат, баъди қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 аз матни он вожаи «форсӣ» бардошта шуд ва баҳси навро миёни зиёиёни кишвар ба вуҷуд овард. Дар ҳамин давра, устод бо ҳамроҳии адибони шинохта – Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат ва як зумра олимони дигар мақолаи «Азизи ман, Хуросон аст ин ҷо»-ро интишор карданд, ки дар он вожаҳои «тоҷикӣ» ва «форсӣ»-ро ду номи як забони воҳид маънидод менамоянд ва дур шудан аз забони форсиро ҷудо шудан аз решаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва адабии чандҳазорсолаи худ бо ҷаҳони эронизабон (Эрону Афғонистон) мепиндоранд.
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки дар ин давра аз доираи як муҳаққиқ ва пажӯҳишгар, ба чеҳраи барҷастаи мутафаккири миллӣ табдил ёфта буд, ҳамчун назариётчии андешаҳои миллӣ ва ҷомеашиноси асил ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, ақидаҳои худро рӯйирост баён менамуданд. Эшон вобаста ба ин масъала дар як мусоҳибааш ишора ҳам намуда буд, ки: «Таҳияи пешнависи ҳамин қонуни забонро ба ман супориданд. Онро таҳия кардам, аммо баъд аз иловаву тағйиру таҳрири зиёд онро ба ҳар ҳол қабул карданд ва натиҷа ин шуд, ки забони давлатии Тоҷикистон танҳо забони тоҷикии форсӣ эълон шуд. Ин яке аз рӯзҳои мурод барои ман буд.»
Воқеан, эълон шудани забони тоҷикии форсӣ як рӯйдоди муҳимми таърихӣ маҳсуб меёфт.
Бояд гуфт, ки баҳси «форсӣ – тоҷикӣ» ҳануз солҳои панҷоҳум ва аз он пештар ҳам ба вуҷуд омада буд. Бо талошҳои пайвастаи абарустод С. Айнӣ ва академик Э. Е. Бертелс ва пешниҳод шудани истилоҳи «тоҷикӣ-форсӣ» масъалаи мазкур то андозае хомӯш гардид. Вале солҳои 90-уми асри гузашта баҳси мазкур бо сабаби аз матни Конститутсия бардошта шудани вожаи «форсӣ» аз нав расонаӣ шуд.
Қабул гардидани вожаи «тоҷикӣ», ба пиндошти мо ду сабаб дошт. Якум, бинобар он ки тибқи моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номи кишвар «Ҷумҳурии Тоҷикистон» эътироф шуд, забони он низ «забони тоҷикӣ» номида шуд, ки бештар ҷанбаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Дуюм, маънои вожаи «тоҷикӣ» барои боло рафтани ҳувияти миллӣ ҳамчун унсури худшиносӣ хидмат карда, ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат менамуд.
Чунин маънидод кардан маънои онро надорад, ки мо хешро аз забони форсӣ ва дарӣ дар канор бигирем. Баръакс, забони тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ як решаи уствори забони воҳид буда, моро бо гузаштагони худ мепайвандад ва комилтар месозад. Баъзе муҳаққиқон имрӯз истилоҳи «форсӣ – тоҷикӣ» ва қисме истилоҳи «тоҷикӣ-форсӣ»-ро истифода мекунанд, ки ба пиндошти мо муродиф буда, ҷиҳати тавонмандии забони куҳан мусоидат менамоянд. Аммо дар асоси пешниҳоди академик Э. Е. Бертелс дуюмиро корбарӣ кардан аз ҷиҳати илмӣ ва таърихӣ аз манфиат холӣ нест. Чунки пайдоиши забони тоҷикӣ бештар ба минтақаи Вароруд наздикӣ дошта, дар ҳамин минтақа забони тоҷикӣ ташаккул ёфтааст. Ин нуктаро донишманди фарҳехтаи эронӣ – Саъиди Нафисӣ низ ишора кардаанд.
– Устод Шакурӣ дар замони Истиқлол бештар ба масоили худшиносии миллӣ рӯй оварданд. Чӣ зарурат пеш омад, ки устод аз марзи тахассуси худ фаротар бираванд ва «Хуросон аст ин ҷо»-ву «Фитнаи инқилоб дар Бухоро»-ву, «Аббос Алиев»-у «Пантуркизм…»-ро биофаранд?
– Бале, тақозои таърих, истиқлоли миллӣ ва дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифтани масъалаҳои таърихиву худшиносӣ устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигар олимонро муваззаф месохт, ки бештар сари муаммоҳои муҳимми шинохти миллат андешаронӣ намоянд ва ба муосирон фоҷеаҳои аз сари миллат гузаштаро шарҳу тавзеҳ диҳанд. Ҳамин боис шуд, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ рисолаҳои бунёдии хешро таълиф кунанад ва роҳи муборизаи фарзандони миллати тоҷикро дар давраи гузариш ба сохти нав, бо бурду бохташ таҳқиқ намоянд. То ин замон, дар бораи равшанфикрон, маорифпарварон, ҷадидон, инқилобгарони миллӣ фикрҳои мухталиф вуҷуд доштанд. Муаллим кӯшиданд, ки ба ҳамин масъалаҳои ниёзманди ҷомеа ҷавоб нависанд ва таърихро аз нав шарҳ диҳанд. Ҳамин корро устод С. Табаров низ ба таври худ оғоз кард ва асарҳои бунёдӣ дар бораи Абдуррауфи Фитрат, Абдулвоҳиди Мунзим ва Рабеӣ таълиф карданд, ки онҳо дар омӯхтани воқеаҳои охири асри XIX ва аввали садаи XX маводи фаровони тоза пешниҳод менамоянд.

– Устод Шакурӣ дар муносибат бо шогирдон чӣ гуна буданд? Дар умум чӣ тавр Шумо шогирди эшон шудед?
– Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ муносибати ниҳоят некбинона бо шогирдон доштанд. Донишманд, пеш аз ҳама ба ҳунар ва истеъдоди шогирд аҳамият медод. Масъалаҳои илмиро баробар баррасӣ мекарданд ва маслиҳатҳои судманд пешниҳод менамуданд. Рисолаҳои илмиро аз аввал то ба охир мехонданд ва хулосаҳояшро дар поёни ҳар боб ва ё охири кор менавиштанд.
Доир ба идомаи саволатон ҷавоб чунин аст, ки роҳбари рисолаи номзадии ман профессор Раҳим Мусулмониён буданд ва баъди интихоби мавзӯи рисолаи докторӣ худашон пешниҳод карданд, ки азбаски таҳқиқоти Шумо ба наср вобастагӣ дорад, хуб мешуд, ки домулло Муҳаммадҷон Шакурӣ мушовири илмӣ интихоб шаванд, илова карданд, муаллим. Як рӯз бо профессор Раҳим Мусулмониён якҷоя ба кабинети муаллим рафтем ва масъаларо дар он ҷо матраҳ намудем. Бинобар сабаби он ки муаллим маро хуб мешинохтанд ва ба корҳоям шинос буданд, пешниҳодро қабул карданд ва мавзӯъро мо дар кафедраю факулта ва Шӯрои илмии Донишгоҳи миллӣ тасдиқ намудему ба кор ҷиддӣ машғул шудем ва сари вақт дифоъ кардем.
– Наметавонам савол надиҳам. То ҷое медонам, Шумо худатонро шогирди Соҳиб Табаров ҳам медонед ва бо эшон то охири умр робитаи нек доштед, аз тарафи дигар бо мушовирии устод Шакурӣ рисолаи докторӣ дифоъ кардед. Тавре медонем, ин ду адабиётшиноси бузурги мо бо ҳам ихтилофҳое доштанд. Чӣ гуна шумо муносибати хешро бо ин бузургон ба роҳ монда будед, ки «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад»?
– Бале, роҳбари кори дипломии ман устод Соҳиб Табаров буданд. Аз курси дуюм таҳти роҳбарии домулло кор мекардам ва дар конфронсҳои илмии факулта фаъолона баромад мекардам. Муаллим шахси сахтгир, серталаб, сахтгап буданд. Агар заррае дар навишт хато мекардед, ё сарчашмаи илмиро нодуруст меовардед, суханҳои «обдор» дар рӯйи варақ навишта, ҳушдор мекарданд, ки фалон, фалон асарҳоро бодиққат хонед, рӯйнавис кунед ва ба ман нишон диҳед. Агар ин корҳоро мувофиқи талаботашон иҷро мекардед, хушҳол мешуданд ва аз аспи ҷаҳл фаромада, маслиҳатҳои нав медоданд. Ҳамин тавр, мо панҷ сол бо муаллим ҳамкорӣ кардем ва ҳамдигарро бештар шинохтем. Ҳар ҷойе, ки мерафтанд, махсусан, театр, радио, китобхона, институти забон ва адабиёт маро ҳамроҳ мебурданд ва роҳи дурустро нишон медоданд. Дар хонаашон маҷбур мекарданд, ки аз китобхонаашон истифода намоям ва китоб бештар хонам. Баъд, вазифаи мудири кафедраро ба шогирдашон профессор Раҳим Мусулмониён супориданд. Ба ман маслиҳат доданд, ки устод Мусулмониён роҳбари расмии кори илмиам шавад. Албатта, тавассути телефон ин масъаларо бо муаллим ҳал карда буданд. Ман розӣ шудам. Вале, ҳамеша аз рафти корҳоям устодро дар ҷараён мегузоштам, рисоларо барои мутолиа пешниҳод мекардам ва эродҳои ӯро ҳатман иҷро менамудам. Бо ҳамин, фарзанди хонадони муаллим Соҳиб Табаров шудам ва то ба охир аз маслиҳатҳои падаронаи устод истифода мекардам. Масъалаи мушовир шудани устод Муҳаммадҷон Шакуриро дар боло ишора кардам. Ба шарофати рисолаи докторӣ фарзанди маънавии домулло Муҳаммадҷон Шакурӣ низ шудам ва то охири умр худро аз устод ҷудо тасаввур намекардам.
Воқеан, дар баъзе масъалаҳои илмӣ ҳар ду адабиётшинос ихтилофи назар доштанд ва дар мақолаҳояшон ин масъалаҳоро аз ҷиҳати илмӣ шарҳу тавзеҳ медоданд. Дар мақолаи «Чу анқоро баланд аст ошёна» академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва мақолаи «Амали носавоб»-и устод Соҳиб Табаров аз ин ихтилофоти назар огаҳ шудан мумкин аст. Аммо дар муносибати ҳамдигарӣ эшон якдигарро эътироф мекарданд, ҳурмат менамуданд ва аз китобҳои ҳамдигар огаҳ буданд ва бо дастхат асарҳояшонро ба якдигар тақдим менамуданд. Боре ҳам эҳсос накардаам, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ҳаққи муаллим Соҳиб Табаров дурушт ҳарф зада бошанд. Ҳар ду чун уқобе буданд, ки баланд парвоз мекарданд ва дар сояашон шогирдон ба камол мерасиданд. Бо чунин бузургон ҳамсуҳбат шудан, аз файзи суҳбати онҳо баҳра бардоштан насиб будааст, ки як умр шукргузор мебошам.

– Охирин дидоратонро бо устод Шакурӣ ба ёд доред ва аз он чӣ хотира доред?
– Бале, дар он шабу рӯз дар вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кору фаъолият мекардам. Муаллим бемор шуданд, завҷаашон Дилафрӯз Икромӣ таъҷилан маро даъват карданд. Бояд бигӯям, ки бо шарофати ин зани ҳалиму хоксор, меҳмоннавозу инсондӯст умри муаллим хеле дароз шуд ва ин кас ниҳоят ба устод ғамхорӣ мекарданд ва домуллоро бодиққат парасторӣ менамуданд. Вақте ба хонаи домулло омадам, муаллим беҳол менамуд. Ба хулоса омадем, ки ба бемористони Сино мебарем. Бо фарзандонашон низ мувофиқа кардем. Қариб се ҳафта дар беморхона хоб карданд, аммо аҳволашон бо сабаби бемории саратон хуб намешуд. Пешашон даромадам, устод хеле ранҷур менамуд. Гуфтанд: «Мулло Абдуҷаббор, шуморо ташвиш додам». Чизе нагуфтам. Илова карданд, ки корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем, фурсат шавад, рисолаи «Сиддиқии Аҷзӣ»-ро нашр хоҳем кард. Мадор, ки надоштанд, хайрухуш кардем. Як рӯз баъд аз дунё гузаштанд. Рӯҳашон шод бод. То чили падар фарзандони домулло дар хонаи мо мезистанд ва мо ба эшон унс гирифтем. Маъракаи падарашон хуб гузашт. Пас аз он, мо фарзандони муаллимро гусел намудем.
– Оё мо ба таври кофӣ ба қадри устод Шакурӣ расидем?
– Оре, зиёиёни мамлакат ба қадри устод Муҳаммадҷон Шакурӣ мерасиданд ва ҳамеша аз аҳволашон хабар мегирифтанд. Махсусан, Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз бемории эшон огаҳӣ доштанд, аз ҳоли муаллим дар вақтҳои корӣ пурсон мешуданд ва эҳтироми хоса нисбаташон доштанд. Доимо тавассути мо ба муаллим салом мефиристоданд. Мақолаҳояшонро мутолиа менамуданд ва аз ҳамаи пешниҳодҳояшон бохабар буданд. Имрӯз ҳам, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ хидматҳои бузурги ин олиму донишманд, ҷомеашиносу неҳзатафрӯзи миллатро қадр мекунанд ва ҷашнҳояшро дар сатҳи баланд баргузор менамоянд. Шогирдон бошанд, мактаби одамияти устодро идома дода, роҳи илмии эшонро пеш мебаранд ва дар рушди илми адабиётшиносӣ саҳми худро мегузоранд.
– Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб Одил Нозир
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ