Даргузашти профессор Назирҷон Турсунов  

Назирҷон Турсунов, доктори илмҳои таърих, профессор, рӯзи 29-уми октябри имсол дар синни 84-солагӣ даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Назирҷон Турсунов 12 августи соли 1942 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1964 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кардааст. Фаъолияти илмиву омӯзгории худро аз ҳамин сол оғоз намуда, дар тӯли фаъолияти чандинсолааш дар рушди илми таърих ва этнографияи тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.

Ӯ солҳои гуногун дар вазифаҳои омӯзгор, дотсент ва ходими илмӣ фаъолият кардааст.

Профессор Назирҷон Турсунов дар таҳқиқи таърихи шаҳру деҳот, этнологияи тоҷик, ҳунарҳои мардумӣ, таърихи шаҳрҳои бостонӣ ва робитаҳои фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ корҳои арзишманди илмӣ анҷом додааст.

Фаъолияти илмӣ ва омӯзгории ӯ  бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайванди ногусастанӣ дошта, дар тарбияи мутахассисони соҳа ва ба камол расонидани насли нави муҳаққиқон нақши муҳим гузоштааст.

Аз Назирҷон Турсунов осори гуногуни илмӣ, аз ҷумла беш аз 20 монография ва китоби дарсӣ, инчунин садҳо мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ ба ёдгор мондааст.

Асарҳои ӯ, аз ҷумла «Аз таърихи ҳунарҳои шаҳрии Тоҷикистони Шимолӣ», «Шаҳри офтобӣ», «Рушди шаҳру деҳоти Тоҷикистони Шимолӣ дар асрҳои XVIII- аввали XX», «Истаравшан», «Асосҳои этнологияи тоҷик», «Таърихи тоҷикон» ва «Таърихи халқи тоҷик» дар омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ аҳамияти хос доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *