“Аз пешрафтҳои Тоҷикистон ба ваҷд омадем”. Таассуроти ду донишманди Ӯзбекистон аз сафар ба Тоҷикистон

Ду донишманди Ӯзбекистон – Нигора Акбарова ва Дилшод Бегимқулов, ки чанде пеш дар доираи як конфронси байналмилалӣ ба Тоҷикистон сафар карданд, мегӯянд, аз ободии Душанбе, муҳити илмии Китобхонаи миллӣ ва махсусан миқёси сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун“ таассуроти амиқ бардоштаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин сафар на танҳо имкони муаррифии дастовардҳои илмӣ, балки фурсати шиносоии наздик бо пешрафтҳои Тоҷикистон ва таҷрибаи кишвар дар идоракунии захираҳои об буд.

Ба наздикӣ Нигора Акбарова, мудири кафедраи системаҳои зеҳнӣ, дотсенти Институти муштараки тахассуси техникӣ-амалии Белорус ва Ӯзбекистон дар Тошканд ва Дилшод Бегимқулов, намояндаи Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов, аз сафари Тоҷикистон баргаштанд.

Дар оғози суҳбате, ки бо онҳо оростам, Нигора Акбарова чунин гуфт:

– Шаҳри Душанбе бароям таассуроти хеле гарму гуворо боқӣ гузошт. Пеш аз ҳама, тозагӣ ва шукуфоии шаҳр, омезиши меъмории миллӣ бо банақшагирии муосири шаҳрӣ диққати маро ба худ ҷалб кард. Ҳамзамон, табиати нотакрори кӯҳистони Тоҷикистон, дарёҳои пуроб ва меҳмоннавозии самимии мардумаш маро мафтун намуданд.

Вай афзуд, ки боздид аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки мизбони конфронси байналмилалӣ буд, барояш махсусан хотирмон гардид. Ба гуфтаи ӯ, меъмории бошукӯҳ, толорҳои васеъ ва муосир ва муҳити ғании илмиву таълимии китобхона таассуроти амиқ гузоштааст.

– Медонед, ба мо махсусан он нукта писанд омад, ки Китобхонаи миллӣ танҳо макони нигоҳдории китоб нест, балки маркази воқеии илму маърифат аст, ки дар он илм, фарҳанг ва муколамаи байналмилалӣ ба ҳам меоянд, – мегӯяд Нигора Акбарова.

Ба гуфтаи ӯ, тамошои симои тозаву озодаи шаҳр, фаввораҳо, боғу гулгаштҳо ва хиёбонҳои зебо, роҳҳои ҳамвор ва муносибати самимии мардум ба кас эҳсоси роҳату оромӣ мебахшид.

– Яке аз қисматҳои равшан ва хотирмонтарини сафари мо боздид аз майдони сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун дар рӯзи дуюми конфронс буд. Ростӣ, танҳо баъди он ки инсон ин маҷмааи азими гидротехникиро бо чашми худ мебинад, метавонад бузургии воқеии онро дарк кунад. Мо бо раванди сохтмон, иншооти зеризаминӣ, параметрҳои сарбанд ва обанбори оянда шинос шудем. Дар ҷараёни боздид ба мо дар бораи нақшаҳои анҷом додани корҳои асосии сохтмонӣ то соли 2031, баланд бардоштани сарбанд то қариб 330 метр ва дар ниҳоят захира шудани беш аз 13 миллиард метри мукааб об дар обанбор маълумот доданд. Танҳо ҳамин рақамҳо аз миқёси бузурги маҷмаа шаҳодат медиҳанд, – изҳор дошт Нигора Акбарова.

Дилшод Бегимқулов низ аз ҷанбаи илмии сафар ёдовар шуд:

– Азбаски самти фаъолияти мо ба захираҳои об, гидрогеология ва технологияҳои муосири мониторинг вобаста аст, сафарамон ба Тоҷикистон бештар ҷанбаи илмӣ дошт. Аммо бори дигар эҳсос кардем, ки об дар ин кишвар танҳо як захираи табиӣ нест, балки дороии стратегие мебошад, ки бо энергетика, устувории экологӣ, некӯаҳволии аҳолӣ ва ояндаи тамоми Осиёи Марказӣ пайванди мустақим дорад. Дар конфронси байналмилалӣ ба ман махсусан он нукта таассурот бахшид, ки Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлимро пайваста дар сатҳи байналмилалӣ ба миён мегузорад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни конфронс олимони соҳаҳои гуногун – гидрология, динамикаи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, зеҳни сунъӣ, мушоҳидаи фосилавӣ, обҳои зеризаминӣ ва амнияти об дар як макон ҷамъ омада, мубодилаи афкор карданд. Ин ҳолат, ба таъкиди ӯ, ба фазои илмии Китобхонаи миллӣ ранги хоса бахшид.

– Дар як иҷлосия масъалаҳои мониторинги гидрогеологӣ ва амнияти об баррасӣ шуданд, дар иҷлосияҳои дигар бошад, динамикаи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим, кӯлҳои баландкӯҳ, офатҳои табиӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳар ду намояндаи Ӯзбекистон – ман ва Нигора Акбарова дар иҷлосияи марбут ба мавзуи «Амнияти об ва идоракунии инноватсионии захираҳои об» баромад кардем. Ин барои мо имкони хубе буд, ки натиҷаҳои таҳқиқоти худро бо корҳои дигар олимон муқоиса кунем, ғояҳои нав пайдо намоем ва робитаҳои нави илмиро ба роҳ монем. Ҷанбаи дигари муҳим он буд, ки конфронс мушкилоти обро на танҳо дар доираи як фан ё як кишвар, балки ҳамчун масъалаи умумиминтақавӣ матраҳ кард, – мегӯяд Дилшод Бегимқулов.

Нигора Акбарова ҳангоми суҳбат бори дигар ба НБО “Роғун” баргашта, аҳамияти онро аз назари мутахассисони соҳаи об чунин арзёбӣ кард:

– Дарвоқеъ, тибқи маълумоти пешниҳодшуда, иқтидори ниҳоии НБО Роғун 3780 МВт, баландии сарбанд 335 метр ва ҳаҷми умумии обанбор 13,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод. Мо ҳамчун гидрогеолог ва мутахассиси соҳаи об ин иншоотро танҳо ҳамчун неругоҳи энергетикӣ қабул накардем. Роғун як лоиҳаи бузургу мураккабест, ки бо танзими об, амнияти энергетикӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва муносибатҳои обу энергетика дар тамоми минтақа робита дорад. Барои мо махсусан дидани он ки геология, геологияи муҳандисӣ, гидрогеология, бехатарии сейсмикӣ ва мониторинги доимӣ дар сохтмони чунин сарбанди бузург то чӣ андоза аҳамият доранд, таҷрибаи хеле арзишманди касбӣ буд.

– Метавон гуфт, ки дар маҷмӯъ ин сафар ба Тоҷикистон ба Шумо ҳамчун пажуҳишгарон чӣ дод?

– Ин сафар барои мо аз се ҷиҳат муҳим буд. Аввалан, мо натиҷаҳои илмии худро ба аудиторияи байналмилалӣ муаррифӣ кардем. Дуюм, бо таҷрибаи олимони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар бахшҳои амнияти об, омӯзиши пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва технологияҳои муосир шинос шуда, бо ҳамкорони тоҷики худ мубодилаи афкор намудем. Сеюм, тамоми ин сафар – аз муҳити илмии Китобхонаи миллӣ то боздид аз чунин иншооти азими амалӣ, монанди НБО Роғун  бори дигар ба мо нишон дод, ки илм то чӣ андоза бо ҳаёти воқеӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳалли масъалаҳои бузурги муҳандисӣ пайванди мустақим дорад, – мегӯянд ҳамсуҳбатони мо.

Ба таъкиди онҳо, сафари Тоҷикистон андешаи онҳоро боз ҳам қавитар кард, ки мушкилоти марбут ба об дар Осиёи Марказӣ наметавонад танҳо дар доираи як давлат ё як соҳаи илм ҳал шавад.

Барои ҳалли чунин масъалаҳо маълумоти боэътимоди илмӣ, технологияҳои муосир ва, муҳимтар аз ҳама, ҳамкории густурдаи минтақавӣ зарур аст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
узви Иттифоқҳои журналистони
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *