Боздошти ҷавони 18 – сола бо гумони куштор
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти куштор хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Ҳисор дар пайи амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Давронҷон Умаров, сокини 18-солаи ин шаҳрро бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, Давронҷон Умаров санаи 27-уми октябри имсол, тахминан соати 20:30, ҳангоми дар роҳи ҷамоати деҳоти Сомон, деҳаи Нурафшон қарор доштанаш бо шаҳрванд Салоҳиддин Қурбонов, сокини ҳамин деҳа, ки ҳамсоли худи ӯст, муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қисми чапи қафаси синаи ӯ зарба задааст.
Дар натиҷа, Салоҳиддин Қурбонов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Назари ҷониби гумонбар ба ин хабари мақомот маълум нест.
ВКД мегӯяд, нисбати Давронҷон Умаров бар асоси моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ