Истиқболи варзишгаре, ки ба Тоҷикистон медали таърихӣ овард

Варзишгари тоҷик Шоҳрух Назаров, ки дар Бозиҳои панҷуми параосиёии Ҷопон соҳиби медали нуқра шуд, шаби гузашта ба Тоҷикистон баргашт.

Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулон ва дӯстону мухлисонаш пешвоз гирифтанд. Пешвози самимонаи ӯ дар наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад.

Ин аввалин медали ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи иштироки кишвар дар Бозиҳои параосиёии тобистона мебошад.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки Назаров бо наздиконаш тариқи телефон суҳбат карда, бо ашки шодӣ ба онҳо роҳ ёфтанаш ба финалро хабар медиҳад.

Ин варзишгари тоҷик рӯзи 20-уми октябр дар ришати параҷудо дар вазни то 81 кг ва синфи J1 ба рақобат пардохта, то ба даври ниҳоӣ расид. Вале аз Шоҳрух Маммадов аз Ӯзбекистон шикаст хӯрд ва ба гирифтани медали нуқра аз Бозиҳои параосиёӣ даст ёфт.

Барои ин дастовард ба Шоҳрух Назаров аз ҷониби Исмоил Маҳмадзоир, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо карда шуд. Ба иттилои телевизиони “Варзиш” ҳамчунин, аз ҷониби Маҳмуд Амонзода, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон ба Назаров хонаи истиқоматӣ тӯҳфа карда мешавад.

Кишвари моро дар ин бозиҳои тобситона, ки аз 18 то 24 октябр идома ёфт, 10 варзишгар-9 мард ва 1 зан дар шаш намуди варзиш муаррифӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *