Се рӯз истироҳати пайиҳам

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони кишвар се рӯз пайиҳам – 6, 7 ва 8 ноябр истироҳат мекунанд.

Дар ин бора ба Pressa.tj аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамчунин, ба ин муносибат донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар низ як рӯз истироҳат мекунанд. Рӯзи 6 ноябр барои донишҷӯён дарс баргузор намешавад.

Хонандагони мактабҳои кишвар низ дар ин рӯзҳо, бинобар дар таътили тирамоҳӣ қарор доштан, истироҳат мекунанд.

Бояд гуфт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад, рӯзи ғайрикорӣ ва истироҳатӣ муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *