Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ даргузашт

Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти муосири тоҷик ва аз адибоне буд, ки беш аз ним аср умри эҷодии худро ба адабиёти кӯдакону наврасон бахшид. Номи ӯ барои чанд насли хонандагони тоҷик пеш аз ҳама бо шеърҳои сода, самимӣ, хушоҳанг ва ба ҷаҳони маънавии кӯдак наздик ошност.

Ҷӯра Ҳошимӣ 9 январи соли 1948 дар ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом ба дунё омада, соли 1971 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиаш аз Нашриёти давлатии «Ирфон» оғоз шуда, баъдан дар Кумитаи давлатии телевизион ва радио, рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Чашма» ва ҳафтаномаи ҷумҳуриявии мактаббачагон «Гул-гул» фаъолият кардааст. Ӯ солҳои зиёд бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайванд дошт ва аз соли 1991 ҳамчун мушовири бахши адабиёти кӯдакону наврасон фаъолият мекард.

Нахустин навиштаҳои Ҷӯра Ҳошимӣ ҳанӯз аз соли 1965 дар матбуоти даврӣ ба табъ расида, ӯ аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта ҳамчун шоири кӯдакон вориди майдони адабиёт шудааст. «Соябони садранга», «Офтобак», «Ман Алифбо мехонам!», «Нинӣ бапо шуд», «Аз як-як то лак-лак», «Кулча чаро ширин аст?», «Ре мегӯям ман бурро!», «Рӯзи нав», «Чаро шамолак вазид?», «Баччаҳову кӯчаҳо» ва «Мусиқии хомӯшӣ» аз ҷумлаи китобҳои маъруфи ӯянд.

Ашъори Ҷӯра Ҳошимӣ дар китобҳои дарсӣ низ ҷой гирифта, чанд насли кӯдакони тоҷик бо шеърҳои ӯ алифбо омӯхтаву ба ҷаҳони адабиёт ворид шудаанд. Ӯ ҳамчунин бо оҳангсозони шинохта ҳамкорӣ намуда, барои кӯдакон суруду таронаҳои зиёде офаридааст.

Худи шоир адабиёти кӯдаконро кори саҳлу сода намедонист. Ӯ таъкид мекард, ки шоири кӯдакон «шоири кӯчак» нест ва асар барои бачаҳо бояд бо дарки равоншиносӣ, завқ ва ҷаҳони хоси онҳо эҷод шавад. Дар яке аз мусоҳибаҳои худ низ гуфта буд, ки адабиёти бачаҳо бояд аз сиёсат ва маҳдудиятҳо дур бошад.

Барои фаъолияти пурсамари адабӣ ва фарҳангӣ Ҷӯра Ҳошимӣ бо медали «Хидмати шоиста», Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар ҷоизаву нишонҳо қадрдонӣ гардидааст. Соли 2022 ба ӯ унвони Шоири халқии Тоҷикистон дода шуд.

Ҷӯра Ҳошимӣ то солҳои охир дар маҳфилҳои адабӣ фаъол буд. Ҳанӯз моҳи

Pressa.tj ба пайвандону наздикон, ҳамкорон ва дӯстдорони осори устод Ҷӯра Ҳошимӣ изҳори ҳамдардӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *