Пизишкиён дар Маскав чӣ гуфт?
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 27-уми октябр бо сафари якрӯза ба Маскав рафт ва дар ҳошияи ҳаштумин нишасти сарони Маҷмаи кишварҳои содиркунандаи газ бо Владимир Путин, президенти Русия, мулоқот кард. Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷониба, тиҷорат, масоили энержӣ ва таҳаввулоти Ховари Миёнаро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот Пизишкиён ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳое, ки таҳти таҳримҳои ИМА қарор доранд, таъкид карда, маҳдудиятҳои якҷонибаро монеае барои рушди иқтисодӣ ва суботи бозорҳои ҷаҳонӣ донист.
Владимир Путин дар навбати худ аз густариши равобити Маскав ва Теҳрон истиқбол карда, ба зарурати коҳиши танишҳо дар Ховари Миёна ишора намудааст. Русия дар ҳафтаҳои охир низ омодагии худро барои мусоидат ба ҳалли низои Эрон ва ИМА баён карда буд.
Ба гуфтаи ҷониби Русия, гардиши мол миёни ду кишвар дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ 10,4 дарсад афзоиш ёфтааст. Маскав ва Теҳрон солҳои охир ҳамкориҳоро дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт, саноат, тиҷорат ва пардохтҳои молиявӣ густариш додаанд.
Пизишкиён дар мулоқот таъкид кардааст, ки кишварҳои Ховари Миёна метавонанд бидуни вобастагӣ ба қудратҳои хориҷӣ барои ҳалли мушкилоти дохилиминтақавӣ ҳамкорӣ кунанд.
Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин дар ҳаштумин нишасти сарони Маҷмаи кишварҳои содиркунандаи газ суханронӣ карда, вазъи ноороми Ховари Миёнаро яке аз хатарҳо барои амнияти энергетикии ҷаҳон номидааст.
Ӯ ҳамлаҳои ИМА ба Эронро аз омилҳои бесубот шудани бозори энержӣ арзёбӣ карда, аз кишварҳои истеҳсолкунанда ва содиркунандаи газ хостааст, ҳамкории худро барои таъмини суботи бозорҳои ҷаҳонӣ бештар кунанд.
Пизишкиён гуфтааст, Эрон бо вуҷуди таҳримҳо ва фишорҳои иқтисодӣ ҳаҷми истеҳсоли солонаи гази худро ба тақрибан 300 миллиард метри мукааб расонда ва ҷойгоҳи худро миёни бузургтарин истеҳсолкунандагони гази ҷаҳон ҳифз кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ