Трамп: Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад
Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, Эрон дорои мушакҳое мебошад, ки қодиранд ба қаламрави Аврупо бирасанд. Ӯ ҳамзамон аз амалиёти низомии Вашингтон алайҳи Теҳрон, муҳосираи баҳрии Эрон ва оташбаси муваққатӣ суҳбат карда, изҳор дошт, ки ИМА ният дорад нагузорад Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад.
Доналд Трамп ин изҳоротро рӯзи 26 октябр зимни гирдиҳамоии ҷонибдорони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар шаҳри Коринти иёлати Миссисипӣ баён кард.
Қисмати қобили таваҷҷуҳи суханронии президенти ИМА ба ҷанг бо Эрон ва тавонмандиҳои низомии ин кишвар бахшида шуд. Трамп гуфт, Вашингтон ин ҷангро оғоз накардааст ва масъулияти оғози даргириро бар дӯши Теҳрон гузошт.
Ба гуфтаи ӯ, Эрон тайи даҳсолаҳо барои рушди зарфиятҳои низомии худ, аз ҷумла истеҳсоли мушакҳо ва дигар навъҳои силоҳ талош кардааст.
Трамп эрониҳоро «мардуми ҳушманд» номида, эътироф кард, ки ин кишвар силоҳҳои пешрафта месозад. Ҳамзамон ӯ иддао кард, ки неруҳои амрикоӣ дар ҷараёни амалиёти низомӣ ба зарфиятҳои низомии Эрон зарари ҷиддӣ расондаанд.
Яке аз изҳороти муҳими Трамп ба барномаи мушакии Теҳрон рабт дошт. Ӯ гуфт, Эрон мушаке дар ихтиёр дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад.
Трамп изҳор дошт, ки Вашингтон аз пайдо шудани чунин зарфияти мушакӣ дар ихтиёри Теҳрон нигарон будааст ва суол гузошт, ки Эрон ин технологияро аз куҷо ба даст овардааст.
Маълумоти марказҳои пажӯҳишии байналмилалӣ нишон медиҳад, ки бахше аз ин иддао асоси воқеӣ дорад. Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байналмилалии ИМА – CSIS мегӯяд, Эрон бузургтарин ва гуногунтарин захираи мушакиро дар Ховари Миёна дар ихтиёр дорад. Баъзе мушакҳои баллистикӣ ва болдори Эрон то тақрибан 2 ҳазор ва дар мавриди баъзе намунаҳо аз ин бештар масофаро тай карда метавонанд ва метавонанд қисматҳое аз Аврупои шарқӣ ва ҷанубу шарқиро таҳти пӯшиш қарор диҳанд.
Аз ҷумла, мушакҳои «Сиҷҷил» то 2 ҳазор километр ва баъзе мушакҳои болдори дурпарвоз то 2–3 ҳазор километр масофаи парвоз доранд. Коршиносони SIPRI низ соли 2026 гуфта буданд, ки дар шароити муайян технологияҳои мушакии Эрон имкони расидан ба ҳадафҳои дуртар дар Аврупоро фароҳам мекунанд, ҳарчанд дар чунин масофа масъалаи дақиқӣ ва вазни кулоҳаки ҷангӣ маҳдудият эҷод мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ