Боздошти марде барои эълонҳои бардуруғи иҷораи манзил
Пулиси Душанбе аз боздошти марде хабар дод, ки дар анҷом додани беш аз 30 ҳолати қаллобӣ гумонбар мешавад.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Бахтовар Буриев, сокини 29-солаи пойтахт тавассути шабакаҳои интернетӣ барои ба иҷора додани манзили истиқоматӣ эълонҳои бардурӯғ нашр мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ ҳамчун пешпардохт аз шаҳрвандон маблағҳои гуногуни иҷораи манзилро гирифта, онҳоро фиреб додааст.
Назари ҷониби гумонбар ба ин хабари мақомот маълум нест.
Раёсати ВКД дар Душанбе мегӯяд, айни замон беш аз 30 ҳолати қаллобии Бахтовар Буриев ошкор шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор доранд. Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, афроде, ки аз ҷониби дастгиршуда фиреб хӯрдаанд, метавонанд ба мақомот муроҷиат кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ