Сабти ҷиноятҳои таҷовуз ба номус кам, куштор бештар шудааст
Дар Тоҷикистон дар 8 моҳи аввали соли ҷорӣ сабти ҷиноятҳои куштору сӯиқасд ба он, марбут ба маводи мухаддир ва нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ афзоиш ёфта, дигар намуд ҷиноятҳо кам шудааст.
Кумитаи омори Тоҷикистон, бар асоси маълумоти Вазорати умури дохилӣ хабар додааст, дар моҳҳои январ-августи имсол нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2025 бақайдгирии ҳодисаҳои куштор ва сӯиқасд ба он 48,5 фоиз, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 5,3 фоиз ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо 9,2 фоиз зиёд шудааст”.
Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-август дар ҷумҳурӣ қариб 14,7 ҳазор ҷиноят сабт шуда, дар умум дар ин давра сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар бештар аз 10 дарсад коҳиш ёфтааст.
“Нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2025 бақайдгирии ҳодисаҳои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 10,1 фоиз, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 25,8 фоиз, дуздӣ 11,4 фоиз, ғоратгарӣ 27,3 фоиз, роҳзанӣ 25,9 фоиз, қаллобӣ 14,7 фоиз ва авбошӣ 4,5 фоиз кам шудааст”, – таъкид намудааст манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ