Парвози нотамоми ситораи балети тоҷик

27 октябр яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати балети тоҷик, солисти пешбар, устоди саҳна, премйери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Муҳаммад Азимзода дар 35-солагӣ ногаҳон аз олам даргузашт. Марги ҳунарманде, ки дар авҷи камолоти эҷодӣ қарор дошт, барои ҳунари тоҷик талафоти сангин аст…

Орзуҳо…

Чанд рӯз пеш ӯ рӯйи саҳна буд. Тамрин мекард, нақш меофарид, ба шогирдон дарс мегуфт ва барои ояндаи балети тоҷик андеша мекард. Ҳамагӣ ду моҳ қабл дар суҳбате аз ангуштшумор будани раққосони мард дар балети тоҷик мегуфт ва орзу мекард, ки наврасон бештар аз шаҳру деҳоти кишвар ба ин ҳунари мушкил дил банданду рӯй оваранд.

Имрӯз худи ӯ дигар ба толори тамрин ворид намешавад…

Ҳанӯз тобистони ҳамин сол Муҳаммад Азимзода бо дигар ҳунармандон ва аҳли фарҳанги тоҷик дар Муғулистон қарор дошт ва дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин кишвар ҳунарнамоӣ кард. Ӯ ҳамеша орзу дошт, ки балети тоҷик дар саҳнаҳои бузурги ҷаҳон муаррифӣ шавад. Сарнавишт ба ӯ имкон дод, ки бахше аз ин орзуро амалӣ созад: дар Маскав, Санкт-Петербург, Сеул, Остона ва дигар шаҳрҳо рақсид. Моҳи марти соли 2025 дар Париж низ рӯйи саҳна баромад. Баъд аз сафари Париж Муҳаммад аз истиқболи гарми тамошобинони фаронсавӣ, аз кафкӯбиҳои тӯлонӣ ва аз он ки ҳунари тоҷик дар пойтахти фарҳангии Аврупо бо меҳр пазируфта шуд, бо хушҳолӣ ёд мекард. Ӯ хурсанд буд, ки подоши ҳазорҳо соати тамрин, захмҳои пой, хастагии ҷисм ва муборизаи ҳаррӯза бо худаш самар меоранд… Аз он хушҳол буд, ки дар Душанбе ҳам оҳиста-оҳиста ҷавонон ба балет бештар таваҷҷуҳ мекунанд ва толори театрашон ҳеҷ гоҳ холӣ нест…

Тасодуфе, ки ӯро ба Перм бурд

Муҳаммад Азимзода 1 феврали соли 1991 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Падараш сохтмончӣ ва модараш момодоя буданд. Дар хонавода шаш фарзанд ба воя мерасиданд ва шояд касе гумон ҳам намекард, ки писари хурдӣ рӯзе яке аз чеҳраҳои асосии балети Тоҷикистон мешавад.

Муҳаммад худ борҳо гуфта буд, ки ба балет тасодуфан омадааст. Соли 2003 омӯзгорони Мактаби давлатии хореографии Перм ба Тоҷикистон омада, кӯдакони соҳибистеъдодро интихоб мекарданд. Муҳаммад низ дар озмун ширкат кард ва миёни онҳое қарор гирифт, ки барои таҳсили касбии балет ба Русия фиристода шуданд. Он вақт ӯ ҳамагӣ 12 сол дошт.

Ҳашт соли баъдии зиндагии ин навраси тоҷик дар Перм гузашт, дур аз падару модар, дур аз муҳити ошно ва дар низоми сахти яке аз мактабҳои маъруфи балети рус. Забони русиро ҳам он ҷо омӯхт. Ҳамчунин, забони балетро. Забоне, ки дар он сухан нест, вале ҳаракати даст, гардиши сар, тарзи гузоштани пой, як ҷаҳиш ва ҳатто як таваққуфи кӯтоҳ метавонад ҳолати қаҳрамонро баён кунад.

Муҳаммад мегуфт, ки балет ҳунари осон нест. Паси ҳар ҳаракати зебое, ки тамошобин дар саҳна мебинад, соатҳои тӯлонии тамрин, хастагӣ, дард ва интизоми сахт меистад.

Соли 2011 баъди хатми таҳсил ба Тоҷикистон баргашт ва фаъолияти худро дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз кард. Аз ҳамин ҷо парвози воқеии ӯ сар шуд.

Аз Алберт то Дорои III

Муҳаммад Азимзода дар тӯли фаъолияти худ партияҳои аз ҷиҳати пластика, техника ва драматургияи саҳнавӣ гуногунро иҷро кард: Алберт дар «Жизел», Конрад дар «Корсар», Қайс (Маҷнун) дар «Лайлӣ ва Маҷнун», шоҳзода дар «Щелкунчик» ва «Зебои хуфта», ҷавон дар «Шопениана», Рӯдакӣ дар «Мақоми ишқ» ва дар солҳои охир Дорои III дар «Форс: достони ишқи ҷовидонӣ».

Ин нақшҳо тавре ишора шуд, аз нигоҳи техника ва драматургия гуногун ҳастанд ва аз ҳунарманд маҳорати баланд металабанд. Барои мисол Алберт дар «Жизел» барои ҳар раққоси мард пеш аз ҳама имтиҳони актёрӣ аст. Дар пардаи аввал Алберт ҷавони ошиқ, сабукбол ва то ҷое бепарвост. Аммо дар пардаи дуюм ҳамон қаҳрамон бояд аз тариқи пластика пушаймонӣ, дарди талафот ва бархӯрди инсонро бо ҷаҳони ғайривоқеӣ ифода кунад. Дар ин ҷо фақат техника нест. Раққос бояд бо ҷисм нақш бозад. Муҳаммад солҳо бо ин образ зиндагӣ кард. Аз ҳамин ҷост, ки Алберти ӯ тадриҷан аз иҷрои техникӣ ба характер расид. Конрад дар «Корсар» бошад, баръакс, аз раққоси мард нерӯ, ҷаҳишҳои васеъ, устувории гардишҳо ва ҳузури қавии саҳнавиро талаб мекунад.

Аммо барои тамошобини тоҷик нақши Қайс (Маҷнун) бештар ҷолиб аст. Зеро мо ҳамагон ин достонро медонем ва онро дар шаклу вариантҳои гуногун аз худ кардаем. Бинобар ин, иҷрои ин нақш аз раққос маҳорати баланд талаб мекунад. Дар ин ҷо техникаи академӣ бояд бо эҳсосоти шарқӣ, пластика бо борази миллӣ омезиш ёбад. Маҷнун қаҳрамонест, ки тадриҷан аз олами воқеӣ берун меравад. Пас ҳаракати ӯ низ бояд аз ҷавони ошиқ ба инсони шикаста, саргардон ва дар ниҳоят фаноёфта табдил ёбад. Муҳаммад дар ин образ имкони пайвастани мактаби балети русиро бо руҳи як достони ошнои Шарқ пайдо карда буд.

«Шопениана» тарафи дигари ҳунари ӯро ошкор менамуд. Ин балет сюжет ба маънои маъмул надорад, он бештар ҳаракат аст. Дар чунин асар раққос бояд аз намоиши зоҳирии нерӯ худдорӣ карда, сабукӣ, мусиқият ва покии хатти ҳаракатро нигоҳ дорад. Барои марде, ки ҳамзамон Конради пурқувват ё Маҷнуни пурэҳсосро иҷро мекунад, гузаштан ба ин фазои романтикӣ ба осонӣ даст намедиҳад…

Дар солҳои охир Муҳаммад ба нақшҳои характернок низ рӯ овард. Дорои III дар балети «Форс: достони ишқи ҷовидонӣ» дигар танҳо «қаҳрамони ҷавони ошиқ» нест. Ӯ шоҳ аст, шахсияте, ки бояд вазну виқор, қудрат ва фоҷиаи шикастро якҷо таҷассум кунад. Ин балет худаш дар саҳнаи тоҷик бо шеваи нав гузошта шуда буд ва нуктаи назарҳо дар мавриди он гуногун аст.   

Муҳаммад Азимзода ҳамин тавр марҳила ба марҳила репертуари хешро бой ва имконоти ҳунарии хешро ғанӣ мекард, мутаассифона дар айни авҷи камолоти ҳунарӣ ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ аз олам даргузашт. 

Ҷуфти зебои саҳнавӣ

Ҳамкории саҳнавии Муҳаммад Азимзода бо Фарангис Қосимова низ як саҳифаи ҷудогонаи балети солҳои охири Тоҷикистон аст. Онҳоро метавон ба Малика Собирова ва Музаффар Бурҳонов, Қурбон Холов ва Татяна Холова монанд кард. Онҳо дар «Жизел», «Зебои хуфта», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Мақоми ишқ», «Шопениана», «Щелкунчик» ва дигар асарҳо паҳлуи ҳам рақсиданд. Даҳҳо партияро дар чорабиниҳои мухталиф якҷоя иҷро карданд. Тамошобин аллакай одат карда буд, ки онҳоро бо ҳам мебинад.

Дар балет шарики саҳнавӣ танҳо ҳамроҳӣ нест. Пас аз солҳои зиёд байни ду раққос як навъ ҳисси нонамоён пайдо мешавад, онҳо бояд вазни якдигар, суръати ҳаракат, лаҳзаи ҷаҳиш ва ҳатто имкони хато кардани шарикро бе сухан эҳсос кунанд. Як лаҳза метавонад тамоми саҳнаро вайрон кунад. Муҳаммад ва Фарангис ин ҳамдигарфаҳмии саҳнавиро тайи солҳо ба вуҷуд оварда буданд. Муҳаммад солҳои охир бо Асел Нилобекова ҳам партияҳои ҷолибу зеборо иҷро кард.

Барои оянда..

Муҳаммад Азимзода нисбат ба ояндаи балети тоҷик бетараф набуд. Аз соли 2012 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова рақси классикиро ба наврасон таълим медод. Бо ин роҳ таҷрибаеро, ки дар мактаби машҳури Перм андӯхта буд ва чанд сол дар саҳнаи театри академӣ сайқал дода буд, ба насли нави раққосони тоҷик интиқол медод.

Ва ин кори сода набуд. Балет аз ҷумлаи он ҳунарҳоест, ки агар силсилаи «устод – шогирд» канда шавад, барқарор кардани мактаб хеле душвор мегардад. Мо ин таҷрибаи талхро дар солҳои 90-ум аз сар гузаронидем ва бисёр чизҳоро аз даст додем. Муҳаммад Азимзода, Фарангис Қосимзода ва ҳамнаслони инҳо солҳои охир кӯшиши ба вуҷуд овардан ва эҳёи мактаби балети тоҷикро оғоз карда буданд.

Ҳамагӣ ду моҳ пеш аз маргаш аз мушкили кам будани мардон дар балети тоҷик бо нигаронӣ ҳарф зада буд. Ӯ мегуфт, ки ба сабаби норасоии раққосони мард театр наметавонад баъзе асарҳои бузург, аз ҷумла «Баядерка», «Кӯли қувон» ва «Спартак»-ро бо ҳайати комил рӯйи саҳна оваранд.

Воқеан, ин мушкил ҷой дорад ва бояд дарк кард, ки  барои омода кардани як премйери мард солҳои зиёд лозим аст. Ӯро дар як ё ду сол тарбия кардан номумкин аст.

Муҳаммад инро аз таҷрибаи худ медонист. Бинобар ин мехост писарони бештар аз шаҳру деҳоти кишвар ба балет ҷалб шаванд ва барои рушди онҳо шароити муносиб муҳайё гардад.

Як хотира

Рӯзи гузоштани санги асоси бинои Театри миллӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар баробари устодони санъат Муҳаммад Азимзода ва Фарангис Қосимоваро ба назди худ хонда, гуфта буданд: “Инҳо бриллиантҳои санъати тоҷик ҳастанд…” Санги асосро ду ситораи ҷавони балети тоҷик ҳамроҳи Президент гузоштанд.

Дере нагузашта, шодравон Адҳам Холиқов, ки он вақт роҳбари бадеии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буданд, ба банда телефон карда хоҳиш намуданд, ки бо эшон вохӯрам.

Ба театр, назди устод рафтам. Адҳам Холиқов бисёр ғамгин буданд. Гуфтанд, ки Фарангису Муҳаммад аризаи аз кор рафтан навиштаанд, вале на роҳбарияти театр ва на масъулони соҳа барои нигоҳ доштани онҳо кори ҷиддие анҷом намедиҳанд.

– Агар инҳо аз театр раванд, бисёр кори бад мешавад. Охир давлат инҳоро хононд, чаро сарпарастӣ намекунад? – гуфтанд устод.

Баъд чашмонашон пуроб шуд.

– Як ҳамкурси инҳо дар театри худамон мавқеъ пайдо карда натавонист. Ба Русия рафт ва дар он ҷо вафот кард…

Адҳам Холиқов аз ман хоҳиш карданд, ки дар бораи Фарангису Муҳаммад мақола нависам.

Ман ҳам таҳти унвони «Бриллиантҳо дар кӯча» мақолае навишта, дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» нашр кардам. Пас аз нашри мақола Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дастур дод, ки ба Фарангису Муҳаммад ва чанд ҳунарманди дигари ҷавон илова ба маош маблағи иҷораи манзил низ пардохта шавад.

Парвози нотамом

Муҳаммад Азимзода ҳамагӣ 35 сол дошт. Синне, ки барои ҳунарманд марҳилаи камолот аст. Синне, ки ба техника, таҷриба, ҷаҳонбинӣ ва эҳсос ба он ҳамроҳ мешавад. Раққос дар ҳамин солҳо аз иҷрокунандаи хуб ба ҳунарманди соҳибмактаб табдил меёбад…

Аммо тақдир фурсат надод.

Тибқи иттилои пешакӣ, Муҳаммад Азимзода дар рӯзҳои охир аз бемории лейкемия ранҷ мебурд ва субҳи 27 октябр қалбаш аз тапидан бозмонд.

Ва ҳамин тавр парвози Муҳаммад Азимзода дар олами ҳунар нотамом монд…

Парда боз мешавад…

Саҳна оҳиста-оҳиста равшан мегардад…

Мусиқӣ садо медиҳад…

Балерина ба саҳна мебарояд. Дастонашро боз мекунад, як гардиш, як нигоҳ, як таваққуф…

Тамошобин беихтиёр мунтазир мемонад, ки ҳоло аз паси парда шарики ӯ ҳам пайдо мешавад. Ҷавоне, ки солҳо дар «Жизел», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Шопениана», «Щелкунчик» ва дигар намоишҳо ба саҳна меомад, дасти шарикашро мегирифт, ӯро ба ҳаво мебардошт ва ҳаракати нотамоми ӯро идома медод.

Аммо ин дафъа касе намеояд…

Мусиқӣ идома дорад…

Саҳна равшан аст…

Вале ҷойе холист…

Ва дар он холигии саҳна ногаҳон эҳсос мекунӣ, ки як ситора хомӯш шудааст.

Ин ситораи Муҳаммад аст – ҳамон писарбачаи ваҳдатӣ, ки тасодуфан ба олами балет омад ва тамоми умри кӯтоҳашро ба саҳна бахшид.

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *