Дар Ёвон 10 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бунёд мешавад
Дар ноҳияи Ёвон бунёди 10 Маркази инкишофи барвақтии кӯдак ба нақша гирифта шудааст.
Раҷабмурод Муродализода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон, дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки сохтмони марказҳо дар назди 10 муассисаи таълимӣ пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, татбиқи ин тарҳ имкон медиҳад, шумораи бештари кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Бар асоси нақша, бунёди ин 10 марказ дар ноҳияи Ёвон тайи панҷ соли оянда анҷом ёфта, то соли 2031 – ҷашни 40-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳанд шуд.
Дар робита ба татбиқи ин тарҳ Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон бо намояндагони «Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и Вазорати молияи Тоҷикистон мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба сохтмони марказҳо, интихоби муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон баррасӣ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ