Тахриби бинои 9-ошёна дар маркази Душанбе
Дар маркази шаҳри Душанбе як бинои истиқоматии 9-ошёна тахриб карда мешавад. Ин баландошёна дар наздик ба бинои Иттифоқи нависандагон ва дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ҷойир аст.
Рӯзи 27-уми октябр бархе аз истиқоматкунандагони бино дар суҳбат ба Pressa.tj гуфтанд, аллакай чанде аз ҳамсояҳояшон манзилҳои худро тарк кардаанд.
“Биноро чаппа мекунанд, вале намедонем дар ҷойи он чӣ месозанд, ба мо чизе нагуфтанд. Ба мо ҳам дар дигар ҷо хона доданиянд. Бубинед, пеш аз чаппа кардан, атрофи биноро ҳоло маҳкам кардан мехоҳанд”-, афзуд яке аз ҳамсуҳбатони мо, ки дар ин бино ба сар мебарад.

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон чаппа кардани ин биноро тасдиқ карданд, вале шарҳи бештар надоданд, ки оянда ҷойи он чӣ хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе солҳост ба ҷойи биноҳои замони Шӯравӣ, баландошёнаҳои замонавӣ сохта мешаванд. Биноҳои замони Шӯравӣ, ки тахриб мешаванд, бештараш аз чаҳор ошёна иборатанд ва кам иттифоқ меуфтад, ки бинои 9-ошёна тахриб карда шавад.
9- ошёнае, ки тахриб мешавад, макони зисти аҳли зиё низ будааст ва ҳоло ҳам баъзе чеҳраҳои фарҳангиву адабӣ дар он ба сар мебаранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ