Се навраси тоҷикро аз Русия ба Ватан баргардониданд
Се ноболиғи тоиҷик, ки дар Русия беназорат монда будаанд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, гуфтааст, ба кишвар овардани ин ноболиғон, 24-уми октябри соли 2026 сурат гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, ба Ватан овардани ноболиғон бо мусоидати Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Русия ва тибқи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви ИДМ оид ба баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии худ, анҷом ёфтааст. Тафсилоти бештар дода нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ