Тағйироти кадрӣ. Кӣ озод ва кӣ дар куҷо таъин шуд? (аксҳо)
Имрӯз, 26 октябр бо фармону қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйиротҳои кадрӣ сурат гирифтанд.
Аз ҷумла, Сафарзода Анвар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳамчунин, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимиён Сарвина, муовини вазири адлия, Қудратзод Сӯҳроб, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Исмоилзода Мирзо, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Асадуллозода Абубакр, муовини вазири молия, Сайдаҳмадзода Мусо, директори Фонди кафолати қарзҳо, Латифзода Парвиз, муовини вазири маориф ва илм, Исмоилзода Умед, муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Зиёвуддинзода Аҳлиддин, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Назарзода Рустам, муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Муродзода Давлатмурод, муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Ризозода Саймудин, муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», Юсуфзода Абдулмаҷид, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъин шуданд.



Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруфӣ Расул, муовини раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Одиназода Муҳаммад, муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ таъин гардиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Худоёрзода Бахтиёр Тавар”, “Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ” ва “Дар бораи аз узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, Хидирзода Махфират Умар, Шодмонбек Юсуфбек Рустамбек, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Азизӣ Муистон Бердизода бинобар ба охир расидани муҳлати ваколат” ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ирсол шуд.
Ҳамзамон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Зариф Ализода”, “Дар бораи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода Ҷамшед Ҳамро” ва “Дар бораи аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Назарализода Дилафруз Муҳаммадалӣ, Маъмурзода Адҳам Маъмур, Раҷабзода Зайнура Абунаср, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон манзур карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар, тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ дар соҳаҳои худ ва муомилаи шоиста бо шаҳрвандон ҳидоят намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ