Ҳифзи маълумоти шахсӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҷаласаи ИДМ баррасӣ шуд

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Хоҷазода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш, ки рӯзҳои 21 – 23 октябр дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд, иштирок намуд.

Дар ин бора ба Pressa.tj  аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа Тоҷикистонро Фарзона Хоҷазода, вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва Парвиз Воҳизода, сармутахассиси раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ ва ташрифотии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон намояндагӣ карданд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Шуҳрат Шарафутдинов, узви Кумитаи Палатаи қонунгузории Олии Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди инноватсионӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ паёми табрикии Раиси Сенати Олии Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева ба иштирокчиён расонида шуд. Дар он нақши фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш дар таҳкими робитаҳои байни мардум ва густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ таъкид гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои такмили санадҳои ҳуқуқии намунавӣ дар соҳаҳои бойгонӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, варзиши донишҷӯён ва фаъолияти иттифоқҳои эҷодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, консепсияи тағйиру иловаҳо ба қонуни намунавии «Дар бораи архивҳо ва фонди архивӣ» пешниҳод шуд. Ин санад навсозии қоидаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, таъмини бутунии маводи бойгонӣ ва фароҳам овардани имконияти барқарорсозии онҳоро пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин, консепсияи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи маълумоти шахсӣ» баррасӣ шуд. Иштирокчиён зарурати мутобиқ кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ ба шароити нави рақамӣ, аз ҷумла коркарди маълумот дар платформаҳои интернетӣ, барномаҳои мобилӣ ва системаҳои зеҳни сунъиро таъкид карданд.

Яке аз мавзуъҳои дигари ҷаласа таҳияи тавсияҳо оид ба ҳамкории кишварҳои ИДМ дар ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи сайёҳӣ буд. Зикр гардид, ки ҳамоҳангсозии амалҳои давлатҳо ҳангоми қатъ гардидани робитаҳои нақлиётӣ ё ба вуҷуд омадани дигар ҳолатҳои буҳронӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои сайёҳон аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамчунин, дар доираи ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва рушди захираҳои рақамӣ баррасӣ гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *