Маош аз 900 то $1200. Даъвати корҷӯёни тоҷик ба кор дар Туркия

Оҷонсии бакортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон шаҳрванони кишварро  ба кор дар Туркия даъват кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, сабти номи довталабон имрӯз, 27-уми октябр, оғоз шуда, мусоҳиба бо корфармо рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа (29-30-юми октябр) баргузор мешавад.

 Манбаъ мегӯяд, барои кор кафшергар, корманди барқ, мутахассиси техникӣ ва таъмири механикӣ зарур аст.

Тибқи иттилои Оҷонсии бакортаъмикунӣ, маош вобаста ба ихтисос ва вазифа аз 900 то 1200 доллар мебошад.

Талаботи кор чунин аст:

-аз 18 то 45-сол доштан;

-донистани забони англисӣ ё русӣ дар сатҳи муошират;

-Доштани шиносномаи хориҷӣ;

-надоштани доғи судӣ;

-масъулиятшиносӣ, интизом ва омодагӣ ба кор.

Хоҳишмандон барои сабти ном метавонанд бо шиносномаи хориҷӣ ба бинои марказии Оҷонсии бакортаъминкунӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ-80 (наздикии “Пивзавод”) ё намояндагиҳои он дар вилоятҳо муроҷиат кунанд.

Ҳамчунин, бо рақамҳои 221-39-67, 221-39-83 ва бо паёмрасони “WhatsApp”: +992 55 555 1080, +992 98 790 6666, +992 93 093 4994 метавон ба Оҷонсӣ дар тамос шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *