20 соли эътимод, рушд ва шарикӣ
ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар Форуми байналмилалии «Бахши молиявӣ дар давраи навовариҳои рақамӣ» барои фаъолияти муваффақона ва саҳми арзанда дар рушди низоми молиявии кишвар бо ҷоизаи махсуси «20 сол роҳи эътимод, рушд ва шарикӣ» қадрдонӣ гардид.
Форуми мазкур 30 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ташкил шуда, ба рушди муносибатҳои молиявӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи технологияҳои нави рақамӣ бахшида шуда буд.
Дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин бонкҳои марказӣ, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, сармоягузорон ва намояндагони бонкҳои пешқадами кишварҳои ҳамсоя ва минтақа иштирок карданд. Зимни чорабинӣ иштирокчиён таҷрибаи пешқадамро баррасӣ намуда, оид ба дурнамои рушди соҳаи молия ва тавсеаи ҳамкориҳои муштарак табодули афкор карданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар доираи ин чорабинии муҳими байналмилалӣ ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» барои фаъолияти муваффақона ва саҳми арзанда дар рушди низоми молиявии кишвар бо ҷоизаи махсуси «20 сол роҳи эътимод, рушд ва шарикӣ» қадрдонӣ гардид.
Ҷоиза дар фазои тантанавӣ ба Раиси Раёсати ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» Шарифзода Парвиз супорида шуд.
Ҳамзамон, фаъолияти касбии раиси Раёсати бонк бо унвон ва нишони сарисинагии «Аълочии низоми бонкӣ» қадрдонӣ гардид. Ин эътироф ҳамчун арҷгузорӣ ба таҷрибаи касбӣ ва саҳми ӯ дар рушди низоми бонкии кишвар арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ