«Нигоҳи нигарон» – и Салими Зарафшонфар

Китоби нави шоир ва нависандаи маъруфи тоҷик Салими Зарафшонфар таҳти унвони «Нигоҳи нигарон» аз чоп баромад. Маҷмуа намунаҳои назму насри адибро фаро гирифта, дар нашриёти «Адабиёти бачагона» ба табъ расидааст.

Китоби «Нигоҳи нигарон» дар ҳаҷми 312 саҳифа нашр шуда, аз чанд бахш таркиб ёфтааст. Тавре дар муаррифии китоб омадааст, маҷмуаи нави адиб намунаҳои назм ва насри ӯро фаро гирифта, барои дӯстдорони адабиёт пешниҳод шудааст.

Бахши аввали китобро шеърҳо ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар маҷмуа ашъоре бо номҳои «Хотири ошуфта», «Бо гузаштаҳо», «Рӯҳи оташдида», «Ғуруб», «Дар тавофи Маккаи аҳли аҷам», «Мунтасир», «Ҳайкали номуси аҷам», «Салом, эй Ватан», «Номаи модар», «Зиндагонӣ чист», «Барфрез», «Хусну хуни навбаҳор», «Навниҳолакон биёед» ва даҳҳо шеъри дигар ҷой дода шудаанд.


Дар бахши «Ғазалиёт» низ як силсила ғазалҳои Салими Зарафшонфар гирдоварӣ шудаанд. «Ҷаннат надорад ҷозиба чун навбаҳорони Ватан», «Биёед бо ҳам табассум кунем», «Дар ҷойи хеш барҷо, мо ориёиёем», «То бувад ин чархи гардон, зинда бодо Тоҷикистон!», «Ғазале ба гиромидошти падарам», «Дили дилҳо – дили танҳоӣ модар», «Ин ҷаҳон беҳусн бе ҳусни ҷаҳонорои зан» ва «Мо чу савдои ба савдо зиндаем» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар бахши насрии китоб се повести хурд – «Меҳроби зиндаи меҳр», «Шоҳасл» ва «Ду овора» ҷой гирифтаанд. Ҳамчунин ҳикояҳои «Нақши нахустин», «Паймони бародарӣ» ва «Парчами ҷовидона» ба китоб ворид шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Салими Зарафшонфар шоир, нависанда, мутарҷим ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик буда, дар нашриёти «Ирфон», маҷаллаҳои «Шифо», «Фирӯза» ва “Истиқбол”, ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Радиои тоҷик, муассисаҳои нашриявии «Деваштич», «Ҳумо» ва «Эҷод» фаъолият кардааст.

Ҳоло дар нашрияи “Адабиёт ва санъат” фаъолият дорад. Салими Зарафшонфар муаллифи чандин маҷмӯаи шеъру наср буда, ҳамчун тарҷумон низ шинохта мешавад. Аз ҷумла, ӯ осори Максим Богданович, Луиҷи Пиранделло, Френсис Скотт Фитсҷералд ва Ҳерман Ҳессеро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *